ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ СЕЛУ БОРИШОТИ РӮЗҲОИ 3, 4 ВА 5 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар қаламрави кишвар рӯзҳои оянда ҳавои номусоид дар назар аст. Чунончӣ, рӯзҳои 4-5 майи соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд.  Дар як қатор ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ, шиддат гирифтани шамол бо суръати 15-20 м/с вуҷуд дорад.  

 3 майи соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва 4-5 май дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз омадани селҳо дар назар дошта шудааст.

4-5 май баланд шудани сатҳи об бар асари боронҳои пуршиддат дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, эҳтимол дорад.  

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайру гашт дар қаламрави кишвар худдорӣ намоянд. Ба кӯҳу доманакӯҳҳо ба ҷамъоварии занбурўғҳо, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, шикор, чорвочаронӣ ва моҳидорӣ ба соҳили обҳо нараванд. 

Ҳамчунин, Кумита ба шаҳрвандон, ба касоне, ки дар деҳот ҳаёт ба сар мебаранд, тавсия медиҳад, ки телефонҳои мобилии худро ҳамеша омода нигоҳ доранд, дар ҳоли рух додани ин ё он ҳалати фавқулодда барои кумак муроҷиат кунанд. 

КҲФ барои ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, ба хусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагоне, ки мошинҳои шишаи сиёҳ доранд, даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд кунанд ва ҳангоми ҳаракат ҳамаи коидахои харакати рохро риоя кунанд, хусусан суръати суръатро.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button