ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ЛЕКСУС” ВА СЕ ҚАЛЛОБИИ СОКИНИ ҲИСОР БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН

Рӯзи 7 сентябр, тахминан соати 12:30, як писарчаи 9-сола дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зери чархи мошини “Лексус” монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххх

Сокини 50-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ судшудаи Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки соли 2021 се нафарро ба маблағи беш аз 800 ҳазор сомонӣ фиреб додааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани хурдсол дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

7-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RХ-350», Шарифзода Муҳаммад Маҳмадаюб, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Лақаев Абубакр Амирхонович, соли таваллудаш 2013, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Лақаев А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Даст ба қаллобӣ задани марди 50-сола

04

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2021, марди 50-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки ба ӯ 1-адад трактори “мехлопата” гирифта медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи октябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Дулан”-ро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 45 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 105 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Номбурда бо ҳамин роҳ моҳи октябри соли 2021, ба боварии зани 56-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 361 ҳазору 200 сомонӣ ва ба маблағи 600 ҳазору 468 сомонӣ арматур гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button