ВидеоТоҷикистонҶомеа

НАЗДИКОНИ АЗИЗУЛЛО: БОВАР ДОРЕМ, КИ Ӯ ЗИНДА АСТ ВА РӮЗЕ ЁФТ ХОҲАД ШУД (ВИДЕО)

Наздикон ва дӯстони Азизулло Зоидбоев,  зодаи ҷамоати Ворух, писари сартабиби осоишгоҳи “Зумрад” Зуҳурулло Зоидбоев, ки баъди садамаи пурқурбонии шоми 31 август дар роҳи Хуҷанд – Душанбе дар мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ нопадид шудааст, бовар доранд, ки ӯ зинда аст ва аз ҳамаи мардум хоҳиш доранд, ки барои зинда пайдо кардани ин ҷавони донишҷӯ дуо кунанд.

Яке аз дӯстони Азизулло ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Азизулло дар соли панҷуми донишгоҳ таҳсил мекард ва ба далели оғози соли таҳсил ба Душанбе раҳсипор буд, вале аз қазо мошинашон ба ҷарии чукуриаш тақрибан 40-50 метр сарозер шуда, сипас ба дарё рафт.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, ки ронанда ва як мусофири он мошини “Мерседес”, ки дар он садама зинда монданд, хабар додаанд, ки Азизулло тавонистааст ҳанӯз то ба дарё афтодани мошин худро ба берун ҳаво диҳад. Ин  дӯстону наздикони Азизуллоро умедвор кардааст, ки ӯ зинда аст ва ҳатман ёфт хоҳад шуд.

“Мо то охир, то замони ёфтанаш кофтукоби Азизуллоро давом медиҳем.Аз мардум фақат як илтиҷову илтимос дорем: Дуо кунанд, ки Азизуллоро зинда биёбем”, – хоҳиш карданд онҳо.

Рӯзи 4 сентябри соли 2022 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабтҳои видеоиеро фиристоданд, ки дар он лаҳзаҳои бо кумаки кран ва таҷҳизоти махсус аз рӯди Фондарё берун кашидани мошини “Mercedes-Benz” ва ҷасади як мусофири ҳалокшудаи ин мошин сабт шудааст. Ин мошин шоми 31 август ба ҷарии чукуриаш тақрибан 40-50 метр сарозер шуда, сипас ба дарё рафт. Дар ин садама, ронандаи мошин Исмоилов Ҳаким Наврӯзович, соли таваллудаш 1965, , ки он шом бо мошинаш аз Исфара ба Душанбе мусофир мебурд,  ва мусофираш Насриддинов Нурулло Қабиевич, соли таваллудаш 1962,  бо вуҷуди ҷароҳатҳои сахт бардоштан зинда монданд. Вале се мусофири дигари мошин он шоми наҳс нопадид шуданд.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, ки ин сабтҳои видеоиро фиристоданд, як гуруҳи ҷавонон аз ҷамоати Ворух чанд рӯз боз дар ноҳияи Айнӣ қарор дошта, дар ҷустуҷӯи қурбониёни садама иштирок доранд. Ҳамсуҳбатони “Бомдод”  хабар доданд, ки дар давоми 5 рӯзи ҷустуҷӯ муяссар шуд, ки ду ҷасадро пайдо кунанд ва аз об берун бикашанд. Яке аз онҳо сарбозе аз ноҳияи Восеъ будааст, ки дар Исфара  хидмат мекард. Дуюмӣ Насриддинов Мурод Нуруллоевич, соли таваллудаш 1985,  писари ягона мусофири зиндамонда дар он садама Насриддинов Нурулло.

Вале ҷустуҷӯи Азизулло Зоидбоев ҳанӯз идома дорад. Наздиконаш мегӯянд, тамоми талошро ба харҷ хоҳанд дод, то ӯро зинда пайдо кунанд.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button