ВидеоКоррупсия

ЯК МАНСАБДОР ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ МАНСАБИ САРНОЗИРИ БАРҚРО 20 ҲАЗОР ФУРӮХТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 5 сентябри соли 2022 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва баъди тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳ супурдани як парвандаи нодири коррупсионӣ хабар дод. Як мансабдор аз ноҳияи Рӯдакӣ дар ин парванда ба фурӯши мансаб айбдор мешавад.

Маркази матбуои Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Сӯҳроби Рустамхон дар вазифаи роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои ба вазифаи сарнозири зеристгоҳи барқии “Роҳатӣ” 35/10кВ, “Шарқӣ” 110/35/6 кВ-и Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ таъин намуданаш маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифтааст”.

  Вобаста ба ин ҳолати мансабфурӯшӣ нисбат ба Суҳроби Рустамхон ба асоси моддаи 247,  қисми 4,  банди “б”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё ҳудуди 6 доллари Амрико) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони барои гирифтани пора бадастафтода бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Дар Тоҷикистон фурӯши мансабҳои ба қавли маъруф “равғанин”, аз ҷумла дар сохторҳои масъули ҷамъоварии пули нирӯи барқ ба як амри маъмул табдил ёфтааст. Вале мавридҳои ошкор кардану ба ҷавобгарӣ кашондани мансабдорон барои мансабфурӯшӣ дар кишвар хеле ангуштшуморанд.

Сохторҳои соҳаи нирӯи барқ дар Тоҷикистон, бахусус бахши ҷамъоварии пули барқ яке аз сохторҳои аз ҳама фасодзада дар кишвар ба шумор меравад. Солтосол афзудани инак ба 32 миллиард сомонӣ, ё тақрибан 3 миллиард доллар расидани қарзи ширкати “Барқи Тоҷик”-ро бисёре аз нозирон натиҷаи ҳамин сатҳи баланди фасод дар ин соҳа мешуморанд.

Ҳукумати Тоҷикистон алакай чандин бор қарзҳои ин ширкатро бахшид ва барояш аз буҷаи давлатӣ маблағҳои бузург ҷудо кард, вале ин ҳама ба коми аждаҳои фасод рафт. Ахиран мақомот ширкати “Барқи Тоҷик”-ро ба се сохтори алоҳида тақсим карданд. Пешгирӣ аз фасод ва раҳоии соҳа аз буҳрони молиявӣ ва чоҳи қарзҳо як ҳадафи умдаи ин ислоҳот ном бурда мешавад. Вале нозирон мегӯянд, агар ин ислоҳот ҳам, чуноне ки дар ин намуна аз ноҳияи Рӯдакӣ мебинем, танҳо бо дигарбора ба фурӯш задани мансабу мақомҳо маҳдуд шавад, гумон аст, ки соҳаи нирӯи барқи Тоҷикистон аз вартаи қарзҳои чандмиллиарддоллариаш раҳо ёфта битавонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button