ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

УНВОНИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИРО БА ГУРЕЗ САФАР ДАР БИСТАРИ БЕМОРӢ СУПУРДАНД

Шоир ва нависандаи тоҷик Гурез Сафар низ сазовори унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон  шуд. Азбаски Гурез Сафарчанд муддат боз дар бистари беморӣ қарор дорад, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода  рӯзи 2 сентябр шахсан ба аёдати ӯ омада, ин ҷоизаро ба адиб супурдааст.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Эмомалӣ Насриддинзода  зимни тақдими унвон гсаҳми эҷодкоронро дар рушду равнақи забон, фарҳанг ва тарбияи аҳли ҷомеа назаррас номида, дар арафаи солгарди истиқол бо унвону ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиёро нишони қадршиносии ҳукумат ва президент Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин табақаи ҷомеа қаламдод кардааст.

Рӯзи 25 август дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳтарам Ҳотам ва Ҷӯра Ҳошимӣ унвонҳои Шоири халқии Тоҷикистон ва ба Ато Ҳамдам унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро супурда буд.

Гурез Сафар 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони шоири шинохта Ашӯр Сафар ба дунё омада, соли 1983 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ Гурез Сафар муддати дар Донишгоҳи давлатӣ ва сипас ба ҳайси роҳбари бадеии Қасри маданияти  шаҳри Кӯлоб ва муддате дар нашриёти «Маориф» ва маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” кор карда, солҳои зиёде дар нашриёти «Адиб хидмат кардааст.

Дар офаридани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ сабки хосе дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд ва ахлоқу аносири манфури ҷомеаро зери тозиёнаи малеҳи ҳаҷву мутояба қарор медиҳанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Ариза ба номи янга» (1992), «Азизи дидаву шунида» (1994), «Нози ҳавас» (1996), «Ҷавобак» (2000), «Миқрози насим» (2002), «Чашми сиёта садқа» (2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» (2005), «Сад барги тар» (2009), «Равзани роз» (2010), «Шамъи саодат» (2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 2011, барои маҷмӯаи «Равзани роз», сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Гурез Сафар сазовори унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” гардида, соли 2011 бо медали “Хидмати шоиста” сарфароз гардонда шудааст.

Афсонаи «Чашмаи сеҳрнок»-аш баъди ғолиби озмун гардидан дар Ҷумҳурии Корея дар шакли китоби ранга ба забонҳои кореягӣ, русӣ ва англисӣ (ҳар кадом бо теъдоди 3000 — нусхагӣ) аз чоп баромадааст. Ҳамчунин маҷмӯаи «Лутфи Ашӯр Сафар», ки лутфу зарофатҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафарро дар бар гирифта, соли равон тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 5000 нусха аз чоп баромад, миёни хонандагон маҳбубияти хосса дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button