ВидеоИқтисодМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ 10 ТОННА АНГУР ВА 500 БАСТА ДАФТАР АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Кормандони боҷхона ё гумруки Қирғизистон дар ин ҳафта аз дастикам 5 мавриди қочоқи молу маҳсулот аз Тоҷикистон пешгирӣ карда, аз қочоқбарон наздики 10 тонна ангур ва 500 баста дафтари мактабиро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Аз ҷумла кормандони боҷхонаи шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон рӯзи 25 август як мошини тамғаи “Volkswagen” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон И.А.М. –ро манъ карда, ҳангоми кофтукоб аз бордони мошини ӯ дуюним тонна ангури тозаро пайдо карданд. Гуфта мешавад, ки ӯ ин миқдор ангурро аз Тоҷикистон оварда будааст.

Ҳамин тавр, дар мавзеи Қунандии деҳаи Жаны-Бак (Боғи Нав) –и ноҳияи Бодканд марзбонҳо мошини тамғаи “Фолксваген-LT46» таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Б.Э., соли таваллудаш 1971-ро манъ карданд. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванд мехост маҳсулотро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба таври қочоқӣ ворид кунад. Аз бордони мошини ӯ 384 қуттӣ ангур, вазни умумии 3 тоннаю 72 кило пайдо кардаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 25 август дар деҳаи Қара-Баки ноҳияи Бодканд кормандони боҷхонаву милитсия ва марзбонӣ мошини тамғаи “Киа-Бонго” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон М.Т., соли таваллудаш 2001-ро манъ кардаанд. Кофтукоби мошин нишон дод, ки ӯ мехост 500 баста дафтари мактабиро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ғайриқонунӣ гузаронад.

Шоми  ҳамон рӯз дар деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлак марзбонҳо мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон КР Р. А. у., соли таваллудаш 1992-ро манъ карданд. Дар мошини ӯ ба маблағи як миллион сом (тақрибан 12 ҳазор доллари Амрико) дорувори тамғаи “Мидокалм Рихтер”, истеҳсоли Маҷористон (Венгрия) ёфт шудааст, ки ӯ барои ин дорувор ягон санад надоштааст.

Аз ин пеш дар ин ҳафта аз боздошти ду шаҳрванди Қирғизистон дар шаҳри Ӯш бо 4 тоннаю 400 кило ангури аз Тоҷикистон овардаашон хабар расида буд.

Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Баста шудани марзҳо боиси уфти  башиддати гардиши молу маҳсулот байни ду кишвари ҳамсоя шудааст. Дар нимаи аввали соли 2022 ҳаҷми содироту воридот байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамагӣ 7 миллион долларро ташкил дод. Ин назар ба солҳои қаблӣ 6 маротиба (!!!) камтар аст.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button