ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГУ МОДАР БО ДУ ФАРЗАНДАШ ДАР МЕҲРОБОД ВА ДУ ЗАНИ СОЛХӮРДА ДАР ДАНҒАРА

Шаби 14 август, соати 23:30, дар роҳи Душанбе – Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Меҳробод як зани 27-сола бо ду кӯдаки хурдсолаш, ки як панҷсола ва дуюмӣ тифли навзод буд, зери чархи мошини «Тойота Камри» монда, бар асари захмҳои бардоштаашон дар бемористон ҷон доданд. ВКД гуфт, ронандаи “Камри” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонист.

хххххххххххххх

Ӽамон  рӯзи 14 август,  соати 13:00, ронандаи “Опел-Астра” дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Данғара чароғаки роҳнаморо бо ранги сурх гузашта, дар байни чорроҳа аввал ба як  “Опел-Астра” – дигар ва сипас ба “Тойота-Камри” бархӯрдааст. Дар натиҷа, ду зани солхӯрдаи мусофири “Опел” ҷон бохта, як зани дигар ҷароҳат бардоштааст.

хххххххххх

Ду ноболиғи 15 ва 16-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 8 август дар таваққуфгоҳи мағозаи “Пайкар” дар кӯчаи С.Айнӣ аз дохили мошини тамғаи “Хендай-Соната” 12 ҳазор сомониро дуздидаанд.



Аз навори хабарҳои рӯзи 15 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати модар ва ду фарзанди ноболиғаш бар асари садамаи нақлиётӣ

03

14-уми августи соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», Гулямов Меҳроҷиддин Зикирович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Меҳробод бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, шаӽрванд Расулова Манижа Ҷамшедовна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри мазкурро бо ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш, Хӯҷаев Абдумуслим Муродалиевич, соли таваллудаш 2017 ва Ҳӯҷаев Абдулло Муродалиевич, соли таваллудаш 2022, пахш намудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш Расулова М.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва фарзандони ноболиғаш дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ӽамзамон 14-уми августи соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назирзода Рамазон Абдуқаюм, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста чароғаки роҳнаморо бо ранги сурх гузашта дар миёнаи чорроҳа аввал ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Назаров Далер Файзиддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкур бархӯрда, сипас ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, таҳти идораи Фатҳиддинов Фирузҷон Каримович, соли таваллудаш 1986, сокини ӽамин ноӽия, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидова Чиндагул Маҳталовна, соли таваллудаш 1962 ва Саидова Дастагул Маҳталовна, соли таваллудаш 1960, сокинони ноӽияи Данғара, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд ва Саидова Гулнора Сулаймоновна, соли таваллудаш 1985 ба саломатиаш ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Даст ба дуздӣ задани ноболиғони 15 ва 16-сола

010

Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ду ноболиғи 15 ва 16-солаи сокинони пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон 8-уми августи соли 2022, аз таваққуфгоҳи мағозаи “Пайкар”, ки дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, аз дохили автомашинаи тамғаи “Хендай-Соната”, ки ба марди 44-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, 12 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button