Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲУКМИ ДУ РОНАНДАИ МАСТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ: 15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБС, 5 СОЛ АЗ ҲУҚУҚИ РОНАНДАГӢ МАҲРУМ!

ВКД Тоҷикистон  рӯзи 13 августи соли 2022 дар бораи дар ноҳияи Восеъ боздошт шудани ду ронанда дар ҳолати мастӣ хабар дод ва гуфт, ҳардуро 15-шабонарӯзӣ ҳабс ва барои 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардаанд.

Подполковник Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки дар ноҳияи Восеъ ахиран аз ҷониби нозирони роҳ 2 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи мазкур ошкору муайян карда шуд.

Офоқ Қодириён дар ҳолати мастӣ сари фармони мошин нишастанро “яке аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ” номид. Аз хабар бармеояд, ки ҳарду ронандаи дастгиршуда афроди солманд буда, яке 50 сол ва якеи дигар 48 сол доштаанд.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 5030 ВВ 03 РТ, Рустамов Бахтиёр Холмуродович, соли таваллудаш 1972, сокини н.Восеъ, ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов, деҳаи Ҷавонӣ ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 7248 НН 03 РТ, Имомов Мирзомурод Назарович, соли таваллудаш 1974, сокини н.Восеъ, ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, кӯчаи А.Рӯдакӣ, ки дар ҳолати мастӣ нақлиёти худро идора мекарданд, аз ҷониби нозирони роҳ муайян карда шуда, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуда, ба суди ноҳия ирсол карда шуд”,  –  гуфта мешавад дар хабар.

Моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин ҳамчун ҷазо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 солро пешбинӣ кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Восеъ мутобиқи моддаи 332 нисбат ба Рустамов Бахтиёр ва Имомов Мирзомурод, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.
Офоқ Қодириён дар гузоришаш мегӯяд, бо вуҷуди рейду амалиётҳои пайваста ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагон “мутаассифона, ронандагоне пайдо мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ҳатто дар ҳолати мастӣ пушти чамбараки мошин нишаста, воситаи нақлиёти худро идора менамояд, ки дар бисёр мавридҳо ба садамаҳои нақлиётӣ дучор гаштаву ҷони худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар мегузоранд”.

Соли 2017 бо пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон ҷазоҳо барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин дар Тоҷикистон ба маротиб шадидтар карда шуд. Мақомот мегӯянд, шумори зиёди садамаҳо, бавижа садамаҳои марговар бо айби ронандагони маст рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button