ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ПАНҶАКЕНТ ЯК ДУХТАРИ НОБОЛИҒ ХУДРО БА ДАРЁИ ЗАРАФШОН ПАРТОФТААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  дар бораи худро ба дарё партофтану худкушӣ кардани як духтари ноболиғ аз деҳаи Хӯҷапанҷ дар канори шаҳри Панҷакент хабар дод.

Бино ба ин гузориш, духтари 16-солаи сокини деҳаи Хӯҷапанҷ рӯзи 9 августи соли 2022 дар пайи муноқишаи оилавӣ аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Ҷустуҷӯи ӯ ду рӯз давом кард ва рӯзи 11 август ҷасади духтари ҷавонмаргро дар соҳили дарёи Зарафшон дар паҳлуи деҳаи Озодагони ҷамоати Хурмӣ пайдо карда, ба кормандони милитсия супурдаанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба волидон муроҷиат карда, хостааст, ки “бо кӯдакони худ то ҳадди мумкин наздиктар бошед, дӯсти онҳо шавед, дар ҳалли муноқишаҳо ба онҳо ёрӣ расонед, на инки онҳоро ба иқдомҳои навмедона таҳрик бидиҳед! Фарзандонро эҳтиёт кунед!”

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расондан ба худкушӣ аз 3 то 8 соли зиндонро ҳамчун ҷазо муқаррар кардааст.  Аммо танҳо теъдоди ангуштшумори парвандаҳои бо иттиҳоми расондан ба худкушӣ  кушодашуда дар Тоҷикистон то ба додгоҳ мерасанд ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button