ПИСАРИ КАЛОНИИ ТОЛИБ АЁМБЕКОВ БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД
Додгоҳи Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи ҷумъа, 5 августи соли 2022б Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари калонии Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистонро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Дар ин бора журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, додгоҳ сокини 33-солаи Хоруғ Ғуломалӣ Абдураҳмоновро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла авбошӣ, нигоҳ доштани силоҳ, қочоқи сангҳои қиматбаҳо ва ҳам дар қатли сардори вақти раёсати амнияти миллии вилоят генерал Абдулло Назаров дар соли 2012 гунаҳкор шинохтаааст.
Анора Саркорова менависад, ки Ғуломалӣ Абдураҳмонов тоза рӯзи 23 июли соли 2022 аз ҷониби кормандони амният дастгир шуда буд ва алакай бо гузашти камтар аз ду ҳафта ба ҳабси умрбод маҳкум гардид.
Гуфта мешавад, тафтиши парванда ва мурофиаи Аймбекови хурдӣ ба сурати баста сурат гирифтааст. “Ғуломалӣ Абдураҳмонов ҳеҷ кадом аз иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда, аз ҷумла даст доштанаш дар қатли генерали амниятро эътироф накардааст”, – хабар медиҳад Анора Саркорова. Бино ба иттилои ӯ, дар ҳоли ҳозир худи Толиб Аёмбеков, ҳамчунин ду бародар ва се фарзанди ӯ дар ҳабс қарор доранд.
Генерал Абдулло Назаров, сардори вақти раёсати вилоятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 17 июли соли 2012 дар канори Хоруғ кушта шуд. Маҳз куштани ӯ сабаби нахустин амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ шуд, ки 24 июли соли 2012 бо талаби ба мақомот супурдани афроди гунаҳкор дар қатли Абдулло Назаров оғоз ёфта, аз ҳарду тараф даҳҳо кушта ба ҷо гузошт. Дар натиҷаи музокирот Толиб Аёмбеков он вақт бародараш Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ба мақомот супурд ва онҳоро баъдан бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум карданд. Чанде пеш дар як хабари туфайлие дар бораи вазъи маҳбусон ин иттилоъ рӯ зад, ки Оқил Аёмбеков дар маҳбаси навбунёд дар канори шаҳри Ваҳдат адои ҳукм мекунад.
Моҳи майи соли 2022 мақомот бо истифода аз нирӯ мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро саркӯб карданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 40 нафар, аз ҷумла се лидери ғайрирасмии ин минтақа (Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов) кушта шуда, ҳудуди 200 каси дигар, аз ҷумла 9 лидери боқимондаи Бадахшон дастгир шуданд. Дар байни дастгиршудаҳо Толиб Аёмбеков ҳам буд, ки ӯро рӯзи 11 июн “барои суҳбат” ба мақомот даъват карданд ва дигар барнагашт.