ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ҲАВОШИНОСОН: АЗ 2 ТО 4 АВГУСТ ДАР КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН СЕЛ МЕОЯД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 2-4-уми моҳи августи соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо пешбинӣ карда мешавад.

Дар ин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд ва сари вақт тадбирҳои бехтариву амнияит андешанд. 

Аз ҷумла аз сокинон хоста шудааст, ки барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохӯши сел сари вақт ҷӯйборҳои назди ҳавлиҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳоро тоза кунанд, то сел бе монеъа гузарад ва вориди хонаҳо нашавад.

Рафтан ба чорвочаронӣ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезуму алаф низ маслиҳат нест. Муваққатан худдорӣ кардан аз ин корҳо ба манфиат аст, гуфта мешавад дар ҳушдори КҲФ.

Ин ниҳод ҳамчунин ба кӯҳгардону сайёҳон ва дӯстдорони сайру сайёҳат дар кӯҳҳо  тавсия медиҳад, ки ҳамеша қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Риояи фосила ҳангоми сафар мувофиқи мақсад ва гарави бехатарист, маслиҳат додааст КҲФ ба ронандагону сайёҳон.

Дар поёни моҳи июл дар чанд гӯшаи Тоҷикистон сел омад. Аз ҷумла рӯзи 29 июл бар асари омадани гармии шадид сатҳи об дар рӯди Зарафшон боло рафт ва об аз соҳил берун шуда, 320 метр роҳро пурра вайрон намуд. Ин боис шуд роҳи Айнӣ-Масчои Кӯҳӣ муваққатан баста шавад. Ин роҳро танҳо шаби 31 июл ба 1 август дигарбора боз карданд.

Ҳамин тавр, нимаи дуюми 31 июл дар пайи боронҳои зиёди кутоҳмуддат дар деҳаҳои Мазори боло, Мазори поён вва Лангари-Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод аз селроҳаҳо сел омада, 25 замини наздиҳавлигии сокинонро лойқа ва сангу шағал пур кард.

Хушбахтона, ин офатҳои табиӣ бидуни талафот паси сар карда шуданд.

Қарори маълум, тамоми моҳи июл дар Тоҷикистон гармои сахте ҳукмфармо буд.  Ва ҳоло як саволи матраҳ дар забони аксари сокинони Тоҷикистон ин аст, ки оё ҳаво моҳи август салқинтар хоҳад шуд ё на?

Муовини сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии обуҳавошиносӣ Сафархон Шарофиддинов гуфт, тибқи пешбиниҳо, ҳавои моҳи август дар Тоҷикистон дар ҳақиқат нисбат ба июл салқинтар мешавад, вале дар умум ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигӣ аз 17 то 31 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 23+25 дараҷа гарм мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳавои моҳи августи имсола ба соли 2016 монанд мешавад. Интизор меравад, дар даҳаи дуюми моҳ ҳаво воқеан ҳам салқинтар шавад. Ҳавошиносон боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ низ пешбинӣ мекунанд.  Албатта, танҳо дар бархе қисматҳои ҷумҳурӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button