ВидеоҶомеа

ДАҲУНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ ШАҲРИНАВ БАРОИ ШАНТАЖИ ЯК ҶАВОНЗАН

Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав сокини ин ноҳия Юсупов Фаррухро бар асоси қисми дуюми моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар тамаъҷӯӣ гунаҳкор шинохта, ба 10 солу 6 моҳи зиндони ниҳомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Гуфта мешавад, ин сокини Шаҳринав

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2 августи соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт, “Юсупов Фаррух Мирзомуминович, сокини ноҳияи Шаҳринав, бо мақсади тасарруф бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаби додани молу мулки ғайр бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда (бадномкунанда) нисбати ҷабрдида, санаи 26 феврали соли 2022 ба воситаи телефони мобилӣ ба шаҳрванд А.А.А., соли таваллудаш 1999, сокини деҳаи Д. ноҳияи Шаҳринав занг зада, аз номбурда ба маблағи 500 сомонӣ бо таҳдиди аксҳои беобрӯкунанда (бадномкунанда)-и ӯро ифшо намудан, талаб намудааст. Баъдан А. А.А. худи ҳамон рӯз соати 11:00 дақиқа маблағи пулии 500 сомониро ба Юсупов Ф.М. дар дохили беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав додааст, ки номбурда маблағи пулии 500 сомониро гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст”.

Тафсилоти дигар ин парванда оварда нашудааст. Додситонӣ шахсияти ҷабрдидаро  низ ошкор кардааст, вале идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасмим гирифт, ки ба далелҳои ахлоқӣ аз овардани ном ва суроғаи ин ҷавонзан худдорӣ кунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои шантажи бахусус духтарону занони ҷавон бо таҳдиди паҳн кардан ваё ба наздиконашон ошкор кардани маълумот ваё аксу видеоҳои бадномкунанда зиёд шудааст. Дар бисёр маврид ҷабрдидаҳо аз тарси беобрӯ шудан хапу дам талаби шантажистҳоро иҷро карда, ба ягон ҷо шикоят намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button