ВидеоМуҳоҷирон

ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР БАР АСАРИ СӮХТОР ДАР ЯК ҲОСТЕЛ ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Шаби 29 июли соли 2022 бар асари сӯхтор дар як ҳостел дар кӯчаи Алма-Атинская дар ҷануби шаҳри Маскав 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Додситонии Маскав бо нашри аксҳои зиёд ва видеоҳо аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки, ба тафтиши ин ҳодисаи фоҷиабор оғоз кардааст.  

Дар ин ҳостел асосан муҳоҷирони корӣ зиндагӣ мекардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки намояндагонашро барои маълум кардани ҷузъиёт ба ҷои ҳодиса фиристодааст. Онҳо бояд аз ҷумла маълум кунанд, ки оё дар ин фоҷиа шаҳрвандони Тоҷикистон низ осеб дидаанд ё хайр?

Барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муовини додситони шаҳри Маскав

Виктор Малюков қарор дошта, дар ҷараёни тафтиш бояд сабаби ин ҳодиса ва то куҷо риоя шудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сӯхтор тафтиш хоҳанд шуд. Додситонӣ гуфт, ширкате, ки умури ин ҳостелро пеш мебурд, қаблан барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор тибқи қисми якуми моддаи 20.4 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия алакай ҷазо гирифта буд.

Дар робита ба сӯхтори пурқурбонии шаби 29 июл додситонии пойтахти Русия бар асоси қисми сеюми моддаи 238 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ироаи хидматрасониҳое, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарӣ нест ва боиси марги беш аз ду нафар шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ба масъулони ҳостел дар сурати собит шудани гунаҳкориашон бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо то 5 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button