ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ТАҒОЯК ВА ЗАРҲАЛОЛ ВА ДУЗДӢ АЗ ШИРКАТИ “ДИЗАЙНЕР”

Рӯзи 28 июл, соати 17:40 бар асари дар ҳудуди ҷамоати Тағояк ба чуқурии 20 метр чаппа шудани мошини “Опел” ронанда ва як зани мусофир, сокинони Истаравшан ва Хуҷанд ҷон бохтаанд. Як сокини дигари Истаравшан шаби 17 июл, соати 23:30 дар ҷамоати Зарҳлол бар асари ба симчӯб бархӯрдани мошини тамғаи “Мерседес”-аш ба ҳалокат расидааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххххххххх

Сокини  29-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 23 июл бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи “Дизайнер” дар кӯчаи Ҳусейнзодаи пойтахт даромада, лавозимоти компютериро ба маблағи 27 ҳазору 500 сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ду ронанда ва як зани мусофир дар садамаҳои нақлиётӣ

018

27-уми июли соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Зарипов Муҳриддин Муродҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби бетонии канори рости роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронанда Зарипов М.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
28-уми июли соли 2022, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Обидов Наврӯзҷон Набиҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояк аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷуқурии тахминан 20-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Обидов Н.Н. ва мусофираш Байзоева Назира Саидовна, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дуздии лавозимоти компютерӣ аз корхона

019.jpg

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 23-юми июли соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи “Дизайнер”, воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзодаи пойтахт даромада, лавозимоти компютериро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 27 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button