ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ПАДАРУ МОДАРИ ТОҶИК БАЪДИ 5 СОЛ ФАРЗАНДИ ХУДРО АЗ ЯК ОИЛАИ БУРЯТҲО ПАС ГИРИФТАНД

Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия ахиран қарори  фарзандхонии Ғайбуллоева Мария Азизовна, соли таваллудаш 2017-ро бекор кард ва Машаро аз оилаи Бухашеевҳо гирифта, ба модари биологиаш шаҳрванди Тоҷикистон Аноргул Ғайбуллоева баргардонд. Аноргул ва шавҳараш Азиз Асадов чанд сол боз талош доштанд, ки фарзандашонро аз он оилаи бурятҳо пас гирифта, ба Тоҷикистон баранд.

Вале Михаил Бухашеев, падархонди Маша мегӯяд, оилаи онҳо, ки аз бефарзандӣ ин тифли тоҷикро ба фарзандӣ гирифта буд, бо ин қарори додгоҳ розӣ нест ва бо ҷалби ҷомиа талош хоҳад кард, то Машаро ба онҳо бозпас бидиҳанд.

 “Мо аз ин қарор шикоят мекунем. Даъво мекунем, то охир меравем. Дилам хун мешавад аз фикри ин, ки ӯ дар онҷо чӣ ҳол дорад? Ман чӣ гуна ба ин кӯдак хиёнат кунам?  Ман чӣ, попӯшҳои ӯро бояд ба қуттии ахлот партояму фаромӯшаш кунам? Не, албатта. Ин кӯдак дар зери пӯсти худ ҳамеша ёди моро нигоҳ хоҳад дошт. Ӯ ҳамагӣ ду моҳ дошт, ки мо ӯро ба фарзандӣ хондем. Ӯ барои мо яктост…” – гуфтааст Михаил Бухашеев.

Аноргул Ғайбуллоева Машаро рӯзи 3 октябри соли 2017 дар яке аз таваллудхонаҳои Иркутск ба дунё овард, вале ба сабаби номаълуме, кӯдакашро он вақт аз таваллудхона нагирифт. Аммо Аноргул санади даст кашидан аз ҳаққи модариро низ имзо накардааст.

Татяна Плетан, муовини вазири рушди иҷтимоии вилояти Иркутск нақл кардааст,Ю ки Маша як муддат баъди таваллудаш дар бемористони кӯдаконаи Ивано-Матрёнинская қарор дошт ва моҳи декабри соли 2017 ба оилаи Бухашеевҳо дода шуд. Бухашеевҳо моҳи феврали соли 2018 ба ҳайси васии Маша дониста шуда, барои нигоҳубини ӯ аз давлат кумаки пулӣ мегирифтанд.

Моҳи апрели соли 2018 падари Маша Азиз Асадов ба додгоҳи Иркутск даъво бурд, ки дар санадҳои Маша ӯро ҳамчун падар зикр кунанд ва фарзандашро баргардонанд. Талошҳои ӯ натиҷа надод ва моҳи октябри соли 2018 Бухашеевҳо Машаро расман ба фарзандӣ хонданд.

Вале падару модари биологии Маша ба даъвои худ идома доданд ва додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Иркуст қарори фарзандхонии Машаро бекор кард. Бухашеевҳо аз ин ҳукм шикоят бурданд, вале муваффақ шуда натавонистанд.

Дар ин байн баъди онки даъвоҳояш тавассути адвокат барои баргардондани Маша самар наовард, Аноргул Ғайбуллоева моҳи июли соли 2022 худаш шахсан ба Иркутск омад ва аз додгоҳ хост, ки фарзандашро ба ӯ баргардонанд. Додгоҳ низ ба ин далел, ки қонунгузорӣ наметавонад монеи ба волидони воқеияш баргардондани кӯдак шавад, Машаро ба Аноргул баргардонд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми ба модараш супурдани Маша, аҳволи ӯ хуб буд ва дидор бо модарашро низ ин кӯдак мусбат қабул кардааст.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки вилояти Иркутск Татяна Афанасева мегӯяд, “албатта, ин як ҳолати фоҷиаомез аст, вале тибқи тамоми қонунҳо, кӯдак ҳақ дорад, ки волидони худро бидонад ва ҳамроҳи онҳо зиндагӣ кунад. Давлат бошад муваззаф аст, ки ба кӯдак барои истифода аз чунин ҳаққаш шароит фароҳам биорад”.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки  Русия Мария Лвова-Белова  бар ин аст, ки “ҳар ҳолати аз оилаи падархонду модархондаш гирифтани кӯдаке, ки муддати зиёд онҷо ба сар бурдааст, ва ба волидони хуниаш баргардондани ӯ хеле мураккаб ва ҳассос аст.  Дар ин масъала эҳсосоти ҳарду тарафро фаҳмида мешавад”.

Аноргул Ғайбуллоева сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шавҳараш Азиз Асадов  аз ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав будаанд. Дар бораи тақдири Маша баъди ба модари хуниаш супурдани ӯ маълумоти дақиқе дар даст нест. Вале Михаил Бухашеев гуфтааст, ки Маша ҳамроҳи Аноргул алакай дар Новосибирск буда, мунтазири парвоз ба Тоҷикистонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button