ВидеоИлму фанноварӣХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ТОҶИКИСТОН ДОНИШКАДАИ САНОАТ ВА ХИДМАТРАСОНӢ ТАЪСИС ЁФТ (4 АКС)

Дар Тоҷикистон боз як мактаби олӣ бо номи Донишкадаи саноат ва хидматрасонӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин донишкада дар поёни моҳи июни соли ҷорӣ дар заминаи Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд арзи ҳастӣ карда, қароргоҳи асосиаш дар Хуҷанд ҷойгир шудааст.

Донишкадаи саноат ва хидматрасонӣ  25 июли соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки алакай ба қабули довталабон аз рӯи 13 ихтисоси “ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир”  дар кластерҳои 1, 2 ва 5 оғоз кардааст.

“Бо қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25.06.2022 с. таҳти №716 ва иҷозатнома аз санаи 15.07.2022 с. таҳти № 448 оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ Т-ИФ № 0002665 Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи саноат ва хидматрасонӣ” ба фаъолият оғоз намуд. Донишкада аз рӯйи 13 ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир дар кластерҳои 1, 2 ва 5 қабули довталабонро ба таври васеъ роҳандозӣ намудааст. Имтиҳонҳои дохилшавии донишкадаи мазкур анънавӣ амалӣ мегардад”, гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар саҳифаи Донишкадаи саноат ва хидматрасонӣ.

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 30 мактаби олӣ фаъолият доранд.Дар ин донишкадаву донишгоҳҳо ҳудуди 60 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Тақрибан 30 ҳазор донишҷӯи дигари тоҷик дар мактабҳои олии хориҷӣ, аз ҷумла ҳудуди 26 ҳазораш дар донишгоҳҳову донишкадаҳои Русия таҳсил мекунанд. Бузургтарин мактаби олии Тоҷикистон Донишгоҳи миллӣ аст, ки 22 ҳазор донишҷӯ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button