МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ПАЙИ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Шоми 23 июли соли 2022 бар асари чаппа шудани як мошини боркаши тамғаи “Волво” таҳти идораи як ронандаи тоҷик дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленингради Русия шаҳрванди 41-солаи Ӯзбекистон дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Бино ба гузоришҳои нашршуда, шоми 23 июл, соати тақрибан 20:30, дар километри 22-юми роҳи мошингарди Красное Село — Гатчина — Павловск шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ронандаи мошини боркаши тамғаи Volvo FM-Truck 6×4, ки ба ширкати “Славянка М” тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳраки Верево ба тарафи шаҳри Коммунар, ҳангоми гардиш ба самти чап аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонист ва дар натиҷа мошин ба канори рости роҳ хориҷ гардида, чаппа шуд.

Дар натиҷа мусофири 41-солаи ин мошин, ки аз Ӯзбекистон будааст, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ронандаи тоҷикро дастгир ва дар тавқифгоҳ (ИВС) ҷой кардаанд. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми сеюми моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ронандаи тоҷик бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 4 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шаҳри Коммунар, ки дар гардиши он ин садамаи марговар рух дод,  дар ҳудуди ноҳияи Гатчина, дар тақрибан 30-километрии ҷануби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст. Ширкати ҶДММ “Славянка М”, ки ронандаи тоҷики боздоштшуда дар ин ширкат кор мекард, дар ноҳияи Гатчина сабти ном шуда, асосан ба парвариши ғалладонаву зироати лубиёгӣ ва ҳамчунин картошкаву сабзавот машғул будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button