Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЯД БАЪДИ 4 РӮЗ БА РУСИЯ ПЕШИ ПАДАРАШ МЕРАФТ… ЯК НАВРАС ДАР РАШТ ҒАРҚ ШУДААСТ

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 19 июли соли 2022 тайи ду рӯзи охир дар ҷумҳурӣ боз 3 ҳодисаи ғарқ шудани шаҳрвандон рӯй додааст.

Рӯзи 17 июл сардори иншооти гидротехникӣ аз канали ПК-354, ки аз дарёи Кофарниҳон сарчашма мегирад, дар ҳудуди  ноҳияи Носири Хисрав ҷасади як мардро берун кашидаанд. Маълум шуд, ки сокини 58-солаи ноҳияи Шаҳритӯс ҳангоми оббозӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар ин канал ғарқ шудааст. Ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

18 июли соли 2022, соати 16:30, сокини 23-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар як минтақаи барои оббозӣ мамнӯи Сирдарё ғарқ шудааст. Ғаввосон алакай солати 18:10 ҷасади ғро пайдо карда, аз об берун кашидаанд ва ба мақомот супурдаанд.

Ҳодисаи сеюми нохуш рӯзи 18 июл, соати 14:40 дар ноҳияи Рашт рӯй додааст. Сокини 16-солаи деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзода ҳангоми моҳигирӣ дар дарёи Сорбоғ ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то шоми 18 июл натиҷае надод ва амалиёти ҷустуҷӯӣ аз субҳи 19 июл аз сар гирифта шуд.

Сокинони Яшм ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки навраси дар дарёи Сорбоғ ғарқшуда Назриев Абдусатор Сайдалиевич, хонандаи синфи 9 буд. Падари Абдусаттор дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт ва Абдусаттор бо аҳли оилааш мебоист баъди 4 рӯз ба пеши падараш ба Русия мерафтанд. Вале фоҷиаи рӯйдода ин нақшаи онҳоро барбод дод.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай дастикам 80 нафар ғарқ шудаанд. Беш аз нисфи қурбониёнро ноболиғон ташкил медиҳанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои нохуш, аз аҳолӣ хост, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ  хеле эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро дар соҳили кӯлу дарёву каналҳо риоя кунанд, кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button