ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ЯК РӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАСАДИ БОЗ 4 ҒАРҚШУДАРО АЗ ОБ БАРОВАРДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 11 июли соли 2022 аз дарёву каналҳои Тоҷикистон ҷасадҳои боз 4 нафари ғарқшударо пайдо кардаанд. Яке аз онҳо Фарангез Шобибуллоева аз шаҳри Хоруғ аст, ки аз рӯзи 29 июн ҷустуҷӯяш доштанд.

 Нимаи дуюми рӯзи 11 июл, ба навбатдори раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон занг зада, хабар додаанд, ки дар рӯбарӯи деҳаи Ёмҷи ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон, дар ҳудуди Афғонистон ҷасади як зан ё духтар ёфт шудааст. Ҷасадро тавассути пулии Теми шаҳри Хоруғ ба мақомоти Тоҷикистон доданд. Маълум шуд, ин сокини 18-солаи маҳаллаи Тирҷиди ҷамоати Сомоншаҳри шаҳри Хоруғ будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин духтар ҳанӯз рӯзи 29 июни соли 2022 аз хона баромада, ба самти ноҳияи Роштқалъа рафта буд, вале ба ҷое, ки бояд мерафт, нарасид.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар сомонаи “Бомдод” эълон дар бораи ҷустуҷӯи Шобибуллоева Фарангез Фародовна,санаи таваллудаш 04-09-2004, сокини шаҳри Хоруғ нашр шуда буд. Гуфта мешуд, ки Фарангез аз хона баромада, ба тарафи ноҳияи Роштқалъа равон шудааст, вале бо ҳамин бедарак шудааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 11 июл дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз дарёи Вахш ҷасади марди 40–солаи сокини деҳаи Лолазори ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросонро берун оварда, ба мақомот супурданд. Ин мард рӯзи 9 июл, дар рӯзи иди  Қурбон ғарқ шуда буд.

Ҳолати сеюм дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ сабт шудааст. Шоми 11 июл, соати 20:15 ба навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шуъбаи милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд, ки дар ҷамоати Сарикиштӣ дар дарё ҷасади як ҷавонро пайдо кардаанд. Маълум шуд, ки ӯ сокини 22-солаи шаҳри Душанбе будааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 11 июли соли 2022, соати 15:00, як сокини 60-солаи ноҳияи Шаҳринав дар канали деҳаи Чузӣ ғарқ шудааст. Ҷасадро аз об бароварда, ба мақомот супурдаанд.

КҲФ гуфт, ҳамчунин баъд аз зуҳри рӯзи 8-уми июли соли 2022 ба ин ниҳод хабар расид, ки ду ноболиғ дар минтақаи пули “Султони Кабир”-и дарёи Душанбе дар об ғарқ шудаанд. Ҳозирон якеро наҷот додаанд, дуюмӣ аз назарҳо нопадид шудааст. Дастаи наҷоти Раёсат фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расид.

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот соати 18:10 ҷасади ноболиғи ғарқшуда пайдо ва ба кормандони ШКВД-1 ноҳияи Фирдавсӣ супурда шуд. Наврасон, ки яке 12 ва дуюмӣ 13 сол дошт, ҳарду сокинони кӯчаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсии пойтахт будаанд.  Сабаби марги ноболиғ таҳқиқ мешавад. 

Ҳамчунин, як писари 9-сола, сокини деҳаи Хоҷасартези ҷамоати деҳоти Кғшктеппаи ноҳияи Темурмалик низ рӯзи 9-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ дар рӯди Сурхоб ғарқ шудааст. Ҳамдеҳагон ҷасади ӯро пайдо ва ба волидонаш супурдаанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай ҳудуди 80 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан нисфи қурбониёнро ноболиғон ташкил медиҳанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ҳодисаҳои ахир бори дигар аз сокинон хостааст, ки ин чанд қоидаи асосии бехатариро дар дарёву кӯлҳо ҳатман ва ҳатман риоя кунанд:

  1.  Танҳо дар маконҳои барои оббозӣ иҷозатдодашуда оббозӣ кунед!
  2. Дар ҳолати мастӣ ба об надароед!
  3. Шабона танҳо оббозӣ накунед!
  4. Волидон бошад кӯдаконро дар соҳили кӯлу дарёҳо беназорат нагузоранд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button