ВидеоМуҳоҷирон

БА ХОТИРИ ШАҲРВАНДӢ? 58 ЗАНУ ДУХТАРИ ТОҶИК БА СОКИНОНИ КИШВАРИ ПРИМОРЕИ РУСИЯ ШАВҲАР КАРДААНД

Хабаргузории Деита.Ру бар пояи омори Приморскстат хабар дод, ки дар соли 2021 дар кишвари Примореи Русия  644 ақди никоҳи байналмилалӣ баста шуда, дар 438 мавриди арӯсони рус шавҳари хориҷӣ кардаанд ва дар 206 ҳолати боқимонда баракс мардони рус зани хориҷӣ гирифтаанд.

Тоҷикҳо дар байни домодҳои хориҷӣ дар Приморе баъди ӯзбекҳо ҷои дуюмро гирифтаанд. 40 фоизи никоҳҳо бо домодҳои хориҷӣ дар ин минтақа, ё дар 175 маврид бо зодагони Ӯзбекистон, ва 30%, ё дар 133 маврид бо зодагони Тоҷикистон баста шуда, дар ҷои сеюм домодҳои озарӣ (11%) истодаанд.

Вале омори ҷолибтар омори никоҳҳои баракс, яъне ба мардони сокини Приморе ба шавҳар баромадани арӯсони хориҷист. Дар ин “чемпионат” ҷои аввалро занону духтарон аз Тоҷикистон гирифтаанд. Аз 206 марди сокини Приморе, ки соли гузашта бо арӯсони хориҷӣ издивоҷ карданд, 28% ё 58 нафари онҳо бо занону духтарони зодаи Тоҷикистон ва 27%, ё 56 нафараш бо занону духтарон аз Ӯзбекистон ва 13%, ё 27 нафар бо бонувон аз Қирғизистон издивоҷ кардаанд.

14 ақди никоҳ дар Приморе байни худи хориҷиён сурат гирифтааст, яъне ҳам арӯсу ҳам домод хориҷӣ будаанд.

Рӯшан нест, ки оё ҳамаи ин никоҳҳо бар пояи муҳаббат баста шудаанд ваё бархеаш ҳисобшуда ҳам ҳаст? Албатта, бахши аъзами инҳо духтарони тоҷиканд, ки ба муҳоҷирбачаҳои тоҷик ба шавҳар баромада, ба Русия рафтаанд. Вале бархе муҳоҷирон, аз ҷумла занон, гоҳо ба хотири осонтар ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо сокинони ин кишвар ақди никоҳ мебаранд ва дар гузашта даҳҳо ҳолате буд, ки мақомоти Русия ин никоҳҳоро қалбакӣ дониста, бекор ҳам кардаанд.

Аз ҷумла дар тирамоҳи соли 2021 гузориш шуда буд, ки ҳатто як зани муҳоҷир аз Тоҷикистон ба хотири гирифтани шаҳрвандии Русия моҳи июни соли 2021  ба таври қалбакӣ бо як марди сокини ноҳияи Тазовский дар ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс дар Шимоли дури Русия издивоҷ кардааст. Барои онки тасаввур кунед, ки ин куҷост?, бояд гуфт, ки Тазовский дар масофаи қариб 4300 км аз Душанбе ва 3300 км аз Маскав ва 2 ҳазор км аз Екатеринбург ҷойгир шудааст. Наздиктарин шаҳре, ки аз онҷо ба Тоҷикистон метавон парвоз кард,  Сургут аст, ки он ҳам аз Тазовский дар масофаи 905 км ҷойгир шудааст!

Вале прокуратураи ноҳияи Тазовский алакай баъди баъди 4 моҳ ақди никоҳи ин зан аз Тоҷикистонро бекор кард.

 “Муайян карда шуд, ки моҳи июни соли 2021 зани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як шаҳрванди Русия пешниҳод кардааст, ки барои осонтар шудани дарёфти шаҳрвандии Русия бо ӯ никоҳи қалбакӣ кунад. Мард ба ин гуна издивоҷ розӣ шудааст. Вале онҳо ҳамроҳ зиндашӣ надоштанд, хоҷагии муштарак надоштанд ва қасди бунёди оиларо ҳам надоштанд. Дар ин робита, додситонии ноҳия ба додгоҳ даъво бурд, ки никоҳи байни ин шаҳрвандон бекор карда шавад”, – гуфта мешуд дар иттилоияи хадамоти матбуоти прокуратураи ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс. Додгоҳ талаби додситониро қонеъ гардонда, никоҳи сокини Тазовский бо шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button