ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ТОҶИКИ ФИРОРӢ ДАР МАРЗИ РУСИЯ БО ҚАЗОҚИСТОН (АКС)

Кормандони пулиси ноҳияи В Первомайски вилояти Оренбурги Русия дар гузаргоҳи “Маштаково” дар марз бо Қазоқистон як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро, ки қариб се сол боз бо иттиҳоми қаллобӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир кардаанд. Ин ҷавон дар вақташ тавонистааст аз мақомоти тафтишотӣ дар Тоҷикистон фирор карда, чанд сол дар Русия пинҳон шавад, вале ахиран ҳангоми кӯшиши убури марзи Русия бо Қазоқистон ба даст афтодааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Оренбург, дастгиршуда аз моҳи ноябри соли 2019 аз ҷониби ШВКД шаҳри Хуҷанд таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд. Тафсилоти дигари парвандаи ӯ ва мушаххасан ба чӣ мавридҳои қаллобӣ айбдор шуданаш дар хабари пулиси Оренбург гуфта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки боздоштшударо дар тавқифгоҳи муваққатӣ (ИВС) ҷой кардаанд ва пулиси ноҳияи Первомайск ҳамкорони худ аз Тоҷикистонро дар  бораи боздошт шудани ин нафари таҳти ҷустуҷӯ хабардор кардаанд. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Гузаргоҳи байналмилалии автомобилии “Маштаково, дар ҳудуди вилояти Оренбург, дар километри 194-уми шоҳроҳи М-32 Самара – Болшая Черниговка, дар марзи Русия бо Қазоқистон ҷойгир шуда, яке аз нуқтаҳои умдаи убуру мурури воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон дар марзи Русия бо Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button