Рӯйдодҳои БадахшонФарҳанг

ДУ ҚУЛЛА ДАР ПОМИР БА НОМИ МИРСАИД МИРШАКАР ВА МӮЪМИН ҚАНОАТ ГУЗОШТА ШУД

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум, субҳи  30 июни соли 2022, дар иҷлосияи даҳумашон якдилона аз пешниҳоди ба номи ду шоири маъруфи зодаи ин вилоят Шоирони халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат гузоштани исми ду қулла пуштибонӣ карданд.  Ин пешниҳод қаблан аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров ироа шуда, аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ ёфта буд.

Бо қарори вакилони маҷлиси вилоятӣ, қуллаи Октябрский ба қуллаи Мӯъмин Қаноат ва қуллаи ба номи Маяковский ба қуллаи Мирсаид Миршакар тағйири ном карданд.  

Қуллаи Октябрский дар қаторкӯҳҳои Зулумарт, ду километр дуртар аз қуллаи Ваҳдат (баландиаш 6640 метр) ҷойгир шуда, аз ду қуллаи ҷанубӣ ва шимолӣ (асосӣ) иборат аст, ки баландии қуллаи асосиаш 6780 метр ва баландии қуллаи ҷанубиаш 6762 метр аз сатҳи баҳр баровард шудааст.

Қуллаи Маяковский, ки аз сатҳи баҳр 6096 метр баландӣ дорад, дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ҷойгир шуда, дар вақташ бо пешниҳоди сайёҳ ва адиби рус Павел Лукнитский (муаллифи романи “Нисо”) ба номи шоири рус Владимир Маяковский (1893—1930) гузошта шуда буд.

Мирсаид Миршакар, ки ин қулларо ҳоло ба номи ӯ гардонданд, 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдев дар ҳудуди ҳозира ноҳияи Роштқалъа ба дунё омада, соли 1993 аз олам чашм пӯшид. Миршакар яке аз қавитарин шоирони кӯдак дар адабиёти тоҷики асри 20 ба шумор мерафт. Ӯ ҳамчунин муаллифи достонҳое, чун “Мо аз Помир омадем”, “Ленин дар Помир”, “Ишқи духтари кӯҳсор”, “Қишлоқи тиллоӣ” ва “Панҷи ноором” буда, соли 1950 барои ду асари охир сазовори Ҷоизаи давлатии СССР (Ҷоизаи Сталин) шудааст.

Мӯъмин Қаноат 20 майи соли 1932 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, 18 майи соли 2018 дар Душанбе аз дунё гузашт. Мӯъмин Қаноат яке аз шоирони забардасти тоҷики асри 20 ба шумор рафта, солҳои зиёде раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ буд. Аз Мӯъмин Қаноат чандин маҷмӯаи ашъор ва ҳамчунин достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Мавҷҳои Днепр”, “Гаҳвораи Сино”, “Тоҷикистон исми ман”, “Масъуднома” ба ёдгор мондааст. Мӯъмин Қаноат соли 1977 барои достони “Сурӯши Сталинград” ва силсилаи “Модарнома” сазовори Ҷоизаи давлатии СССР шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button