ВидеоҶомеа

ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАДИ ДУХТАРЕ, КИ РӮЙМОЛАШРО ДАР ЛАБИ ОБ МОНДУ ХУДРО БА ОБ ПАРТОФТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 28 июни соли 2022 хабар дод, ки ҷасади як духтари 19-солаи сокини кӯчаи Борбади ҷамоати Гулистони шаҳри Левакант, ки рӯзи 21-уми июни соли равон нопадид шуда буд, рӯзи 27 июн дар мавзеъи Пикет -33 – и канали Сталин пайдо шуд.

Тавре қаблан хабар дода шуд, ин духтар рӯзи 21-уми июн бо сабабҳои номаълум чизҳои худ, аз ҷумла шиноснома, рӯймол ва пойафзолашро дар соҳили  канали Сталин монда, худро ба об партофта буд. Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда аз ҷониби ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон чандин рӯз идома дошт, вале натиҷа надод.  

Билохира рӯзи 27 июн дар ҷараёни ҳамин ҷустуҷӯҳо  афсари калони бахши Раёсати КҲФ дар шаҳри Леваканд хабар дод, ки дар канали Сталин, мавзеи Пикет-33 ҷасади  номаълуме болои об баромадааст. Баъди дарёфти маълумот, дастаи  махсуси зудамали  наҷоти  Раёсат  иборат аз 4 нафар ба ҷойи  ходиса  сафарбар  карда шуда, ҷасадро аз об бароварданд.

Маълум гардид, ки ин ҳамон духтари 19-сола аст, ки рӯзи 21-уми июн даст ба худкушӣ зада буд.

Сабаби ин амал маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. 

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 нафар худкушӣ мекунанд. Тақрибан нисфи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва муноқишаҳои оилавӣ аз сабабҳои умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Бино ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон алакай беш аз 60 нафар ғарқ шудаанд. Беш аз нисфи ғарқшудагон ноболиғони то синни 16 мебошанд.

Соли 2021 дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button