Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР РОҲИ БОХТАР – ДАНҒАРА: ДУ КАС ҲАЛОК ШУД, СЕ КАС – ЗАХМӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 23 июн, соати 16:40, бар асари бархӯрди мошини “Мерседес” бо “Опел-Астра”  дар километри 45-уми роҳи Бохтар – Данғара ду мусофири “Опел”: ҷавони 21-сола ва духтарчаи 11-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се мусофири дигари ин мошинро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд. ВКД гуфт, садама бо айби “Мерседес” рух додааст, чунки ронандааш, сокини 38-солаи ноҳияи Восеъ “аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба “Опел-Астра”, таҳти идораи як сокини Вахш бархӯрдааст.

Бино ба иттилои ВКД, 23-юми июни соли 2022, тахминан соати 16:40, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Юсупов Каримҷон Изатуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Бохтар – Данғара”, дар 45-ум км аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”,  таҳти идораи Сафарализода Муҳаммадҷон Ҳасан, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”: Воҳидов Ҳоҷибой Абдулфайзович, соли таваллудаш 2002, ноболиғ Мирзокаримова Нурбону Бобоҷоновна, соли таваллудаш 2011, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Ҳурматов Исмоил Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Бохтар ва Бердиев Дилшод Хуҷаевич, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Данғара ва Субҳиддини Ғафор, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Темурмалик, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button