ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АЛИҶОН ТОҶИБОЕВ АЗ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ДУ ДУХТАРРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини 36-солаи деҳаи Мавҷи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷасорат ва талоши камназир ҷони ду бонуи ҷавонро аз хатари ғарқ шудан дар оби рӯди Элок наҷот додааст. Ин ҷавонмард, ки Алиҷон Тоҷибоев ном дорад, рӯзи 19 июни соли 2022 ҳангоми сайругашт дар соҳили Элок чашмаш ба духтароне меафтад, ки дар об ғарқ мешуданд. Ӯ фурсатро аз даст надода, худро зуд ба об ҳаво дод ва тавонист ҳарду духтарро аз марги ногузир наҷот диҳад.

Маълум шудааст, ки ду духтар аз деҳаи Ҳоҷиёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке 21-сола ва дуюмӣ 17-сола будаанд, рӯзи якшанбеи 19 июн дар соҳили Элок сайр мекарданд. Замоне, ки лаби дарё нишаставу саргарми суҳбат буданд, об кафшҳои пояшонро мебарад. Онҳо, бо вуҷуди онки шиновариро наметавонистанд, барои ба даст овардани пойафзолашон вориди об шудаанд. Дар натиҷа, маҷрои дарё ҳардуро бо худ бурдааст.

Аз қазо Алиҷон Тоҷибоев дар ҳамин лаҳза аз онҷо мегузашт ва ғарқ шудани духтаронро дида, ҳардуро наҷот додааст.

Ин танҳо мавриди ғарқшавии шаҳрвандон дар ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯзи 19 июн набуд. Ҳодисаи дуюм, муттаассифона, чунин фарҷоми хуш надошт.

Бино ба маълумоти сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рӯдакӣ, як сокини 22-солаи деҳаи Фалакони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст ва бо вуҷуди 2 рӯзи ҷустуҷӯ то ҳол ҷасадашро пайдо накардаанд.

Ин ҷавони 22-сола рӯзи 19-уми июн аз хона ба қасди моҳигирӣ баромада, ба самти дарёи Кофарниҳон ҳаракат кардааст. Шаҳрванд аз соҳил ба соҳили муқобил гузаштаву машғули моҳидорӣ шудааст.

Соати тахминан 14:30 баъди анҷоми моҳидорӣ ин ҷавон дубора хостааст ба соҳили аввала баргардад ва ба хонааш раҳсипор шавад. Ӯ вақте ғарқ шудааст, ки то расиданаш ба соҳил ҳамагӣ ду метр монда буд.

Сабаби ногаҳон ғарқ шудани ҷавон, ки шиновариро хуб метавонист,  маълум нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда эҳтимол мезанад, ки шояд хаста шуда бошад ва дигар қуввати муқовимат ба ҷараёни тунди обро накардааст.

Рӯзи 19 июн ҷустуҷӯи ҷасади марҳум то соати 20:10 идома дошт ва баъди фаро расидани торикӣ имдодгарон корҳои ҷустуҷӯро қатъ карданд. Аз субҳи  20 июн, корҳои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шудааст ва ҳанӯз идома дорад 

Бино ба омори КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ дар обҳои Тоҷикистон алакай ҳудуди 60 нафар, аз ҷумла 30 кӯдаки синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Наҷоти ду духтари ҷавон аз ҷониби як марди 36-сола дар оби Элок

Як сокини 36-солаи деҳаи Мавҷи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷасорат ва талоши камназир ҷони ду бонуи ҷавонро аз хатари ғарқ шудан дар оби рӯди Элок наҷот додааст. Ин ҷавонмард, ки аз ӯ Алиҷон Тоҷибоев ном бурда мешавад, рӯзи гузашта ҳангоми сайругашт дар соҳили Элок чашмаш ба ҷавондухтароне меафтад, ки дар об ғарқ мешуданд

Ӯ фурсатро аз даст надода, ба зудӣ худро ба об ҳаво медиҳад ва аввал яке ва баъд дуюмиро наҷот медиҳад.

Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 19-уми июн рух дод. Ду ҷавондухтар, сокинони деҳаи Ҳоҷиёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке 21-сола ва дуюмӣ 17-сола буданд, дар соҳилҳои Элок сайр мекарданд.

Замоне, ки лаби дарё нишаставу саргарми суҳбат буданд, об кафшҳои пояшонро мебарад. Онҳо, ки шиноварӣ ҳам наметаовнистанд, барои ба даст овардани пойафзолашон вориди об шуданд. Маҷро онҳоро бо худ бурд.

Аз қазо Алиҷон Тоҷибоев пайдо шуд ва ин ду нафарро наҷот дод. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон муроҷиат мекунад, ки шиноварӣ надониста вориди обҳои тезҷараён нашавед. Риояи қоидаҳои оббозӣ гарави амнияту бехатарии шумост!

Ҷасади моҳигири ғарқшуда ҳоло пайдо нашудааст

Бино ба маълумоти сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 22-солаи деҳаи Фалакони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст ва бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои дурӯза иттилое аз пайдо шудани ҷасад нарасидааст.

Ин ҷавони 22-сола рӯзи 19-уми июн аз хона ба қасди моҳигирӣ баромада ва ба самти дарёи Кофарниҳон ҳаракат кардааст. Шаҳрванд аз соҳил ба соҳили муқобил гузаштаву машғули моҳидорӣ шудааст.

Соати тахминан 14:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ баъди анҷоми моҳидорӣ дубора хостааст ба соҳили аввала баргардад ва ба хонааш раҳсипор шавад.  Ӯ хуб шино кардаву қариб ба соҳил расидааст, аммо дар масофаи ду метр бо мавзеъи аввал дар об ғарқ шудааст.

Сабаби ногаҳон ғарқ шудани ҷавон маълум нест. Эҳтимолан хаста шудаву қуввати муқовимат ба ҷараёни тунди обро накардааст.

Дирӯз ҷустуҷӯи ҷасади марҳум то соати 20:10 дақиқа идома дошт ва баъди фаро расидани торикӣ имдодагрон корҳои ҷустуҷӯро қатъ карданд. Аммо аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуданд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button