ВидеоМуҳоҷирон

8 МОҲ ҲУКМИ ЯК МОДАРИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК БАРОИ МАРГИ ФОҶИАВИИ ФАРЗАНДАШ

Дар шаҳри Новосибирски Русия як зани модари 3 фарзандро барои марги фоҷиавии кӯдаки якунимсолааш ба 8 моҳи зиндон маҳкум кардаанд. Ин фоҷиа шаби 20 феврали соли 2022, байни соатҳои  21 ва 22, дар оилаи муҳоҷирони тоҷик  дар як манзил дар кӯчаи Красин рӯй додааст.

Лариса Эпова, ёвари аршади додситони ноҳияи Дзержинский ба нашрияи «КП-Новосибирск»  бархе тафсилоти ин парвандаро нақл кард.

-Зан, ки 26 сол дорад, он шаб дар ҳаммом оби кранро кушода, кӯдаконро дар даруни об мондааст ва ба гардани кӯдак доираи махсус барои оббозиро, ки истифодааш бидуни назорати калонсолон мамнӯъ аст, бастааст.  Сипас зан ба хонаи дигар пеши кӯдакони дигараш рафтааст. Дар ин байн кӯдак доираро аз гарданаш гирифта, зери об шудааст ва як муддат зери об мондааст, – нақл кардааст Лариса Эпова.

Вақт модар ба ҳаммом бармегардад, мебинад, ки кӯдакаш зери об мондааст. Ӯ кӯдакро аз об бароварда, кӯшиш кардааст, ки ба ӯ нафаси сунъӣ диҳад.

Табибони реаниматсияи кӯдакона тифли якунимсоларо ба Бемористони шаҳрии клиникии кӯдакона интиқол додаанд. Вале ба табибон муяссар нашуд, ки ин тифли маъсумро наҷот диҳанд –  ӯ дигар ба ҳуш наомад ва баъди 6 рӯз ҷон дод.

Ташхиси тиббию додгоҳӣ ба хулосае расид, ки сабаби марги кӯдак оқибатҳои як муддат дар зери об қарор доштанаш шудааст.

-Ин модар пурра ба гуноҳи худ эътироф кард, танҳо гуфт, ки бо кӯдакони дигари худ машғул будааст. Шавҳари ӯ, ки дар Тоҷикистон қарор дошт, баъди он фоҷиа ҳамсарашро бахшид. Додгоҳ ин занро ба 8 соли маҳдудияти озодӣ маҳкум кард, – нақл мекунад Лариса Эпова.

Ҳукми ин зан ҳанӯз қувваи қонун нагирифтааст. Вале бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки додгоҳ мебоист фоҷиаи бузургеро, ки ин зани ғамзадаро ҳамчун модари фарзанд гумкарда мувоҷеҳ шудааст, дарк мекард ва ӯро дигар маҳкум намекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button