Хабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТБАХШОН МОДАРУ КӮДАКИ ДАР ДАРУНИ ЛИФТ ДАРМОНДАРО БЕРУН ОВАРДАНД

Рӯзи 15 июни соли 2022, соати 12:08 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд, ки бар асари қатъ шудани интиқоли нирӯи барқ лифти бемористони шаҳрии №10 дар пойтахт, шаҳри Душанбе аз кор монд ва дар дохили лифт як модар бо тифли хурдсолаш дармондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки алакай баъди чанд дақиқа гуруҳи наҷотбахшони ин кумита ба ҷои ҳодиса расид ва мутахассисон бо истифода аз васоили махсуси фаннӣ дари лифтро кушода, модару кӯдакро берун оварданд. Гуфта мешавад, ки онҳо ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button