ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарҲуқуқи инсон

ШӮХӢ НАКУН БО ДОМОД! БОЗДОШТИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ

Маълум мешавад, Далери Имомалӣ, журналист ва блогери шинохтаи тоҷикро, ки субҳи 15 июн дар роҳ ба Конибодом адар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милитсияи ин ноҳия дастгир шуда буд, аз онҷо ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур овардаанд. Нимаи дуюми рӯз журналисти дигари тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳам, ки дар таҳияи гузоришҳои видеоии Далери Имомалӣ ҳамкорӣ мекард, ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват карда, аз онҷоро ба шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия бурдаанд.

Рӯзи 4 июн Далери Имомалиро алакай барои “суҳбати кӯтоҳ” ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур оварда, 5 соат бо як шакли хушунатомез бозпурсӣ карда буданд. Далери Имомалӣ баъди раҳо ёфтанаш нақл кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задаанд ва водор кардаанд, то ду видеояш дар бора чаппа кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш дар Ютуб кӯр кунад.

Ба дунбол, сарусадоҳое хест, ки он прокурори муштзӯр домоди як роҳбари пурнуфузи ҷумҳурӣ будааст, вале то ҳол касе исми ин домод ва хусури ӯро нашр накардааст.

 Бино ба иттилои Радиои Озодӣ,  шоми 15-уми июн дар Душанбе кормандони додситонии ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ  ба самти номаълум бурдаанд.

Мақомот аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд ва маълум нест, ки сабаби боздошти ин ду журналист чист ва онҳо ба чӣ айбдор ё гумонбар мешаванд?

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар бинои додситонии ноҳияи Шоҳмансур як вакили дифоъ барои намояндагӣ аз ҳуқуқи Далери Имомалӣ ҳузур дошт ва то охир дар дохили бино буд. Шоми 15 июн, ҳангоме ки гурӯҳи журналистон мунтазири берун шудани Далери Имомалӣ дар беруни бинои додситонии ноҳияи Шоҳмансур қарор доштанд, чанд нафаре аз дохили бинои додситонӣ Далери Имомалиро ҳамроҳ бо вакили дифояш берун бурда, ба дохили мошини сиёҳшиша андохтанд. Маълум нест, ки ӯро ба куҷо бурданд, вале журналистон мегӯянд, ки саҳнаи аз бино берун бурдану ба дохили мошин нишондани журналист “босуръат ҷараён гирифт ва дида нашуд, ки Далер чӣ ҳолу аҳволе дорад”. Журналистон мушоҳида кардаанд, ки мошини сиёҳшиша рақамҳои хориҷӣ дошт.

Ҳамин тавр наворбардори бархе гузоришу филмҳои Далери Имомалӣ журналист Абдулло Ғурбатиро ҳам тахминан соатҳои 16:00-и 15-уми июн ба бинои додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват карда, аз он ҷо  баъди чанде ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур интиқол додаанд. “Азия Плюс”, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо ин нашрия низ ҳамкорӣ дошт, хабар дод, ки Ғурбатӣ ба додситонии Шоҳмансур даъват шуд ва “ӯ он ҷо рафт, то бифаҳмад, ки чаро Далери Имомалиро ба додситонӣ овардаанд. Пас аз 1,5 соат аз бинои додситонӣ Ғурбатиро ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур бурданд.”

Дар ҳоли ҳозир, сарнавишти ин ду журналист маълум нест. Маълум нест, ки Далер ва Абдулло боздошт шудаанд ё бо онҳо танҳо “сӯҳбат” мекунанд?

Радиои Озодӣ менависад: “Муроҷиатҳои хабарнигорон ба мақомоти ҳифзи қонун беҷавоб мондааст. Вале ба эҳтимоли зиёд, шикояти бархе мақомот аз гузоришҳои видеоии танқидиву бепардаи Далери Имомалӣ аз кори сохторҳои давлатӣ боиси боздошт шудани ӯ гардидааст.”

Далери Имомалӣ дар чанд моҳи охир бо силсилаи видеоҳояш дар мавзӯъҳои доғи ҷомиаи Тоҷикистон сарусадои зиёде ба по кард ва дар як муддати кӯтоҳ шумораи обуначиёни канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қариб ба 150 ҳазор нафар расидааст.

Далери Имомалӣ рӯзи 15 июни соли 2022, тахминан соати 11 ғайб зад. Ӯ он соат дар саҳифааш дар Фейсбук пости кӯтоҳе гузошт ва хабар дод ки: “Агар бо ман чизе шуд ман дар милитсияи н. Айнӣ. Мехостам Конибодом сабти филм равам.”

Ин хабар мавҷи вокунишҳоро ба бор овард, чунки ҳамагӣ чанд рӯз пеш, рӯзи 4 июни соли ҷорӣ Далери Имомалиро ба мақомоти ноҳияи Шоҳмансур барои “суҳбат” даъват карда, танҳо баъди 5 соат ҷавоб доданд. Маълум шуд, ки журналистро дар ҷараёни ин “суҳбат” латтукӯб карда, маҷбур кардаанд, ки ду видеояшро аз каналаш дар Ютуб пок кунад.

Далери Имомалиро рӯзи 4 июн кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансур ғайриқонунӣ 5 соат бозпурсӣ карда, ҳатто таҳқиру латтукӯб кардаанд. Бино ба нақли Далери Имомалӣ, ҳангоми задан соати дасти яке аз латтукӯбгарон мешиканад ва ӯ ҳатто ба шикастани соати дасташ ҳам хабарнигорро гунаҳкор мекунад ва таҳдид мекунад, ки ӯро ба нишон додани муқовимат ба кормандони мақомот айбдор хоҳанд кард. Далери Имомалӣ иқрор кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро водор кардаанд, ки ду видео дар бораи чаппа кардани хонаҳои сокинон дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш пок кунад.

Дар пайи ин ҳодиса як гуруҳи нашрияҳо ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон низ бархӯрди хушунатомез нисбат ба Далери Имомалиро маҳкум карданд ва аз мақомот хостанд, ки таъқиби журналистонро бас карда, гунаҳкорони боздошту латтукӯби Далери Имомалиро ҷазо диҳанд.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон низ дар як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хост, он кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансурро, ки дар боздошт ва латтукӯби блогер ва журналисти шинохта Далери Имомалӣ даст доранд, ошкор карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ бикашонад.

Вале бо гузашти қариб ду ҳафта, то кунун мақомот  ҳатто аз шурӯи таҳқиқи ин қазия хабар надодаанд, чӣ расад ба пайдо кардану ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон.

Гуфта мешавад, прокуроре, ки дар ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалиро заду соаташро шикаст, домоди яке аз роҳбарони аввали ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button