ВарзишВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИК НИШОН ДОД, КИ №1 АСТ! МУИН-ТОҶИК РАҚИБАШ АЗ БРАЗИЛИЯРО БО НОКАУТ МАҒЛУБ КАРД! (ВИДЕО)

Размандаи шинохтаи тоҷик Муин Ғафуров, маъруф бо лақаби “Муин-Тоҷик”, бо пирӯзӣ ба майдони варзиши ММА баргашт!

10 июни соли 2022 дар набарди асосии мусобиқоти лигаи LFA дар шаҳри Белтони аёлати Техаси Амрико Муин Ғафуров, ки то ҳол 17 пирӯзӣ ва 4 бохт дошт, алакай дар даври дуюми рақобат ҳарифаш аз Бразилия Ҳербет Соузаро бо нокаут шикаст дод. Барои Соуза, ки то ҳол дар майдонҳои ММА 15 пирӯзӣ дошт, ин бохти дуюм дар собиқаи варзишиаш ва барои Муин алакай пирӯзии 18-ум буд.

Муин ба маросими эълони ғолиб ҳамроҳи дӯсташ, варзишгари ҷавони тоҷики муқими Амрико Фаридун Саидов ба майдон баромад. Ба ин суол, ки оё қабл аз набард ӯ интизор дошт, ки бо нокаут пирӯз мешавад?, Муин бо забони омехтаи тоҷикию англисӣ чунин посух дод: “Ман вақте ки инҷо меомадам, гуфта будам, ки аз ман сюрпризро интизор бошед. Ва ман дар инҷо нишон додам, ки Тоҷик рақами як аст!”

Ин нахустин набарди Муин –Тоҷик баъди ним соли аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуданаш буд. Моҳи декабри соли 2021 ба сабаби дар намунаҳои барои ташхис супурдаи Муин Ғафуров пайдо кардани канренон ном маводи мамнӯъ ӯро ба истифодаи допинг айбдор ва барои 6 моҳ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо махрум карданд.

Муин Ғафуров 17 майи соли 1996 дар Душанбе ба дунё омада, аз синни ҳафтсолагӣ таҳти роҳбарии амакҳояш ба машқи варзиш сар кардааст. Мураббии аввалини ӯ амакаш Аҳтам Ҳокиров аз варзишгарон ва мураббиёни шинохтаи кишвар ба шумор рафта, раҳбари Лигаи самбои размӣ ва ММА Тоҷикистон мебошад.

Муин  Ғафуров метавонист  бо UFC шартнома баста, дар таърих нахустин варзишгар аз Тоҷикистон дар муътабартарин лигаи ММА шавад. Вале 7 сентябри соли 2021 дар даври ниҳоии  мусобиқоти довталабони Дан Вайт аз Чед Анҳэлигер аз Канада бо бо қарори доварон (29-28, 28-29, 29-28) мағлуб шуд ва орзуяш барои пайвастан ба UFC-ро ин дафъа ҷомаи амал пӯшонда натавонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button