Нуқтаи назар

Э ҚАНДАТРО ЗАН, АЮБОВ! ҶУСТУҶӮИ ЛАЙК АЗ ҲИСОБИ НАШРИ СЕЛФИИ АБДУРОЗИҚ БО САЛМОН ХОН )))

КонгрессИ Амрико ба бахши тоҷикии Радио Свобода (Радиои Озодӣ)  ҳар сол беш аз 1,5 миллион доллар ҷудо мекунад. Ҳадаф аз чунин маблағгузории зиёд таблиғи арзишҳое, чун озодии сухан, ва таъмини сокинони Тоҷикистон бо хабарҳоест, ки онҳо дар расонаҳои расмии кишвари худ пайдо карда наметавонанд.

Вале радиои Озодӣ дар даврони раёсати Салим Аюбов рисолати аслии худро канор гузошта, ба хотири ба даст овардани лайки бештар, ба таҳияву паҳн кардани музахрафоте, ба мисли ин қиссаи дар Абу Забӣ бо ситораи филмҳои ҳиндӣ селфи гирифтани Абдурозиқ машғул мебошад.

Ва такрору батакрор саҳифаи Абдурозиқро реклама мекунад, ки фалону фалонҷост ва фалон қадар обуначӣ дорад.

Вале оё ин дар воқеъ хабари ин қадар “муҳим” ва “арзишманд” ва дар расонаҳои худи Тоҷикистон “ноёб” ё мамнӯъ аст, ки бояд радиои “Озодӣ” миллионҳои Амрикоро барои таҳия ва таблиғи он сарф кунад. Шояд расонаҳои Тоҷикистон дар ҳақиқат дар бораи бо Салмон Хон (бо худи Салмон Хон!) селфи гирифтани Абдурозиқ чизе нашр накарда бошанд. Вале на барои инки сонсур ё ягон мақомот аз ин манъ мекунад, балки ин хабарро лоиқи чоп намедонанд.

Вале оё ин хабар лоиқи чоп аз ҷониби радиои Озодӣ буд?

Худатон чӣ фикр мекунед? Магар айб нест, ҷаноби Аюбов?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button