ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАЪДИ МУНОҚИША ДАР ГИПРОЗЕМ ВОЛИДОНИ 12 НАВРАСРО ҶАРИМА БАСТААНД

РВКД ш. Душанбе хабар дод, ки дар пайи таҳқиқи навори видеои муноқишаи наврасон дар маҳаллаи Гипрозем, волидайни 12 наврасро ҷарима бастаанд.

Санаи 25-уми майи соли 2022 дар шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он лаҳзаи муноқишаи як гурӯҳ наврасон инъикос ёфтааст.

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе  дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафарони қонуншиканро муайян  ва дастгир кардаанд.

“Зимни санҷиш ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дода, як гурӯҳ наврасон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ миёни ҳамдигар муноқиша кардаанд, ки дар натиҷа ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст. Шахсияти ҳамаи он нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуда, дар баробари баргузории суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамзамон нисбати 12-нафар волидайни нобилиғон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 25 май ҳамчун рӯзи хатми соли таҳсил ҷашн гирифта мешуд. Вале чандин сол боз дар Тоҷикистон баргузории “Занги охирин” манъ карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button