ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ФОҶИАВИИ ДУХТАРЧАИ СЕСОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ИВАНОВО

Нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2022, тақрибан соати 17.30, духтарчаи сесолаи як оилаи муҳоҷирони тоҷик дар бӯстонсаро ё дачаи волидонаш дар ноҳияи Тейково дар ҷанубуғарби вилояти Ивановои Русия ба заҳбур афтода, ғарқ шудааст.

Нашрияи маҳаллии “Ивановские новости” аз қавли шоҳидон хабар дод, ки ин тифл дар рӯи ҳавлӣ гулчинӣ мекард, ки ногаҳон ба заҳбур афтод. Ин канали заҳбурро волидони ӯ ба хотири он канда буданд, ки аз оби дар он ҷамъшуда киштҳои полезии худро об диҳанд.

 “Ҳамсояам пеши ман давида омад. Ранги рӯяш канда буд ва аз шиддати ҳаяҷон нафасаш тангӣ мекард. Илтимос кард, ки ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занам. Гуфт, духтарчаи хурдсолаш ба заҳбур афтодааст ва нафас намекашад”, – нақл кардааст ба “Ивановские новости” яке аз ҳамсояҳои ин оилаи муҳоҷирони тоҷик.

Канали заҳбуре, ки дар дачаи ин муҳоҷирони тоҷик канда шуда буд, 2 метр чуқурӣ дошта, пур аз об будааст. Кӯдакро зуд аз об берун овардаанд, вале ӯ дигар нафас намекашид ва ҳамин тавр, ба ҳуш наомада, фавтидааст. Табибони “Ёрии таъҷилӣ” баъди расидан ба ҷои ҳодиса танҳо марги ин кӯдакро расман тасдиқ карданд.

Волидони ин тифли ғӯррамарг аз Тоҷикистон ба Иваново кӯчида, падараш 33 сол ва модари мотамзадааш 30 сол доранд. “Ин падару модари ҷавон бо чӣ қадар орзуву нақша мехостанд зиндагии худро дар Русия ба роҳ андозанд. Вале ҳатто дар гӯшаи хаёлашон ҳам намеомад, ки онҳо дар ин ҷо бо дастони худ ҷигарбандашонро ба хок хоҳанд супурд”, навиштааст “Ивановские новости” дар шарҳи ин фоҷиаи талхе, ки ба сари ин оилаи муҳоҷирони тоҷик омад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button