ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

НАБЕРАИ РАИСИ СОБИҚИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН ДАР ДУШАНБЕ БОЗДОШТ ШУД

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП, собиқ шуъбаи шашум) ВКД Тоҷикистон рӯзи 19 май дар шаҳри Душанбе Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф бо тахаллуси Хушом Гулям, блогери зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дастгир кардаанд. Сабаби боздошти блогер маълум нест.

Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Гулям) набераи Шодавлат Шодавлатов, раиси собиқи вилояти Бадахшон аст. Бобои ӯ 14 марти соли ҷорӣ аз олам чашм пӯшид.

Ин алакай боздошти дуюми ин блогер дар моҳҳо охир аст. Бори аввал Хушом Гулям  рӯзи 20 март замоне аз ҷониби кормандони амният дастгир шуд, ки аз Шоҳдара ба маркази вилоят, шаҳри Хоруғ омад.  Он дафъа ӯро баъди 13 соати “суҳбат” дар бинои раёсати амнияти вилоят озод карданд. Гуфта мешуд, ки барои “суҳбат”, ки аз соати даҳи субҳ бо ёздаҳи шаб давом кард, дар баробари кормандони амният корманди додситонӣ низ даъват шуда буд, вале дар ниҳоят ба зидди Хушом Гулям ягон айбнома эълон накарда, ӯро ҷавоб доданд.

Ба гуфтаи хешовандонаш, баъди он боздошти аввал Хушом Гулямро ба хотири амнияташ ба Душанбе фиристоданд, вале мақомот ин дафъа ӯро дар пойтахт пайдо карданд. Хешовандонаш мегӯянд, онҳое ки барои бурдани блогер омаданд, худро аз УБОП муаррифӣ карданд, вале бо гузашти як шабонарӯз аз бурдани Хушом Гулям ВКД Тоҷикистон дар бораи боздошти ӯ ва ба чӣ айбдор ё гумонбар шуданаш иттилои расмие то ҳол нашр накардаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Алим Шерзамонов, Хушом Гулям аз ҷавонони фаъоли бадахшонӣ ба шумор мерафт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар дар бораи  таъриху забонҳо ва фарҳанги мардуми Помир матлабҳо нашр мекард. Аммо баъди ҳаводиси ахири Хоруғу Роштқалъа ӯ дар чанд матлабаш аз талабҳои эътирозгарони Хоруғ, ки ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков ва бардоштани посгоҳҳоро талаб доштанд, ҳимоят карда буд.

Хушом Гулям баъди ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба Бадахшон рафта, бо аъзои комиссияи 44, ки аз ҳисоби намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳои эътирозгарони Хоруғ ташкил шудааст, фаъолона ҳамкорӣ дошт.

Боздошти ин блогер дар рӯзҳое сурат гирифт, ки мақомот бо истифода аз нирӯ талош доранд, ки мавҷи нави эътирозҳоро дар Бадахшон фурӯ нишонанд. Дар рӯзҳои ахир аз Бадахшон дар бораи куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар хабарҳо ба даст мерасанд. Ин бор ноҳияи Рӯшон ба маркази асосии эътирозҳо табдил ёфтааст ва аксари қурбониҳо низ аз ноҳияи Рӯшонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button