ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ЯК ХОНАНДАИ СИНФИ 10 ҲАНГОМИ МОҲИГИРӢ ДАР ДАРЁИ ВАХШ (4 AKC)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли 2022 бо истинод ба сардори   бахши  КҲФ дар ноҳияи Нуробод аз марги фоҷиавии як хонандаи синфи 10 аз рустои Деҳишои ноҳияи Нуробод хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 13 май ҳангоми моҳидорӣ дар рӯди Вахш ғарқ шудааст.

Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса бегоҳии рӯзи 13-уми май рух додааст. Дастаи ҷустуҷӯву наҷоти Кумита, ки бо дарёфти хабар ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расида буд, то соати 23:20 дақиқаи ҳамон рӯз ҷасадро ҷустуҷӯ кард, вале пайдо карда натавонист. 

Рӯзи 14-уми май аз субҳ корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд ва  тахминан  соати 13:35 дақиқа ҷасади ноболиғро пайдо карданд ва аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Сабаби фоҷиа дақиқан маълум нест. Аммо гумон меравад риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ва шиноварӣ натавонистани марҳум аз сабабҳои ин ҳодиса бошад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд. Аз ҷумла, бино ба омори КҲФ, дар  соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар ҷон бохтаанд, ки ин назар ба 107 нафари дар соли 2020 ғарқшуда 48 нафар, ё наздики 45% бештар мебошад. Аз ин шумор 75 нафараш ноболиғонанд. Аз ҷумла соли гузашта  15 кӯдаки то синни 4, 21 кӯдаки синнашон аз 5 то 10 ва 39 навраси аз 11 то 16-сола дар кӯлу дарёҳо, асосан ҳангоми оббозӣ ё убури ягон ҷӯйбору канал ё дарё ғарқ шудаанд.

КҲФ гуфт,  дар пешорӯи оғози мавсими нави оббозӣ кормандонаш ахиран дар масҷидҳои Бохтару Леваканд, аз ҷумла дар масҷиди марказии ба номи «Ҳазрати Муҳамад (с)», масҷиди ҷомеи ба номи «Имоми Аъзам», «Ҳоҷӣ Муҳамадшарифи Соҳибзода», «Абдулло Бобохонов» ва «Абубакри Сиддиқ» – и шаҳри Бохтар корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, ба намозгузорон зарурати риояи бечунучарои қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва беназорат нагузоштани кӯдаконро дар соҳили кӯлу дарёҳо фаҳмонидаанд.

Ҳамчунин дар як маросими ботантана дар масҷиди ҷомеи Хоҷа Мастони шаҳри Левакант дар ҳузури намозгузорон ба шаҳрванд Ашӯрмаҳмад Юсупов, ки рӯзи 2-уми май се тифли хурдсолро аз ғарқ шудан дар канали обгузари деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант наҷот дода буд, Сипосномаи Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон супурда шуд.

Рӯзи 2 май, дар рӯзи иди Рамазон дар Леваканту Бохтар ва Ҳисор 6 кӯдак дар об ғарқ шуда, аз ин шумор 2 нафараш ба ҳалокат расиданд, вале 4 нафари дигарро, хушбахтона, роҳгузарон тавонистанд наҷот диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button