ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ВОСЕЪРО БАРОИ ҲУҶҶАТ НАДОШТАНИ КӮДАКАШ ҶАРИМА БАСТААНД

Додгоҳи ноҳияи Восеъ бо қарори худ аз 22 апрели соли 2022 сокини деҳаи Заркорони ҷамоати ба номи Вайсови ин ноҳия Воҳид Тоштемировро барои то ҳол  аз қайди ЗАГС нагузарондани духтари дусолааш Фараҳноз, ки то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надоштааст,  ба андозаи  3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 192 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11 май хабар дод, ки додситонии

ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ санҷида, муайян намудааст, ки шаҳрванд Тоштемиров Воҳид Боймуродович, сокини ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти М.Вайсов, деҳаи Заркорон, фарзанди ноболиғаш Тоштемурова Фарахноз, санаи таваллудаш 23-юми феврали соли 2020- ро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ то ҳол нагузаронидааст.

 Додситонӣ хотиррасон кардааст, ки тибқи талаботи моддаи 8 сархати 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модар ӯҳдадоранд, ки пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то 3 моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

 Дар ҳамин асос, прокурори ноҳияи Восеъ нисбати Тоштемиров В.Б. бар асоси моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба додгоҳ ирсол намудааст ва додгоҳ Тоштемировро 192 сомонӣ ҷарима бастааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button