Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҚУРБОНИИ РАЪДУ БАРҚ ДАР ЗАРКОН, ҒАРҚ ШУДАНИ НАВРАС ДАР ДАРВОЗ, ХУДКУШИИ ХОНАНДАИ СИНФИ 8 ДАР ПАНҶАКЕНТ (ВИДЕО)

Аз навори хабарҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Як сокини 53-солаи деҳаи Заркони ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров дар раъду барқ ба ҳалокат расидааст. Мавсуф дар чарогоҳ машғули чорвочаронӣ будааст. Ҳамчунин аз ҳалокати 27 сар чорвои хурд низ гузориш расидааст.

****    ****    ****

Шашуми майи соли равон соати 11:30 як хонандаи синфи 7 МТМУ №6 аз деҳаи Шикеви ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ҳангоми оббозӣ дар рӯди Панҷ ғарқ шудааст. Аҳолии деҳа ҷасади ӯро пайдо карда ва ба волидонаш супурдаанд. 

****    ****    ****

Рӯзи 6-майи соли 2022 тахминан соатҳои 17:00 дақиқа дар километри 115-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол бинобар сабаби намнокӣ ва баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш қисми шоҳроҳи мазкур бо дарозии 15-метр, паҳноии 2-метр фурӯ рафт.

Корҳои рафъи паёмадҳои ин ҳодиса бо ҷалби як техникаи муҳандисӣ идома дорад. Дар айни замон роҳ яктарафа боз аст.

*********     *********     ********

Рӯзи  4-майи соли 2022 соати 10:00 дақиқа хонандаи синфи 8-уми МТМУ №15 шаҳри Панҷекат Ардашери Баҳодур баъди дарс аз мактаб баромада, ба самти номаълум меравад ва касе дигар хабаре аз ӯ пайдо намекунад.

Мақомот баъди дидани наворҳои камераҳои назоратии болои пӯли мошингузари ҷамоати деҳоти Хурмӣ мушоҳида кардаанд, ки мавсуф  худро аз болои пӯл ба дарёи Зарафшон сарозер кардааст.

Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми май пайдо ва ба наздиконаш супурданд. Сабаби даст ба худкушӣ задани ин хонанда таҳқиқ мешавад.

ТАФСИЛОТИ ИН ҲОДИСА ИНҶОСТ:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button