ВидеоҶомеа

ҶАСАДИ АРДАШЕРИ ҒӮРРАМАРГРО АЗ СОҲИЛИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН ПАЙДО КАРДАНД

Мутаассифона, ҳама ҷустуҷӯҳо натиҷаи дилхоҳ наовард ва ҳама умедҳо барбод рафт: Ардашерро зинда пайдо карда натавонистанд…

Ҷасади Ардашери Баҳодур, санаи таваллудаш 26 августи соли 2007, сокини кӯчаи Терешковаи шаҳри Панҷакент ва хонандаи синфи 8-и мактаби миёнаи №15-ро, рӯзи 6 майи соли 2022  аз дарёи Зарафшон пайдо карданд. Ҷанозаи Ардашери 14-сола рӯзи 7 май,  соати 15 дар оромгоҳи “Таги камар” дар Панҷакент ба хок супорида мешавад.

Як манбаъ аз ШВКД дар шаҳри Панҷакент  гуфт, рӯзи 4 май Ардашерро роҳбари синфаш барои кадом як кирдораш сарзаниш карда,  модарашро ба мактаб даъват карданӣ мешавад. Вале Ардашер он рӯз аз мактаб баромада, аз тарс ба хона нарафтааст  ва ба лаби дарёи Зарафшон рафта, худро ба дарё партофтааст. Чанд рӯз боз ҳама Ардашерро ҷустуҷӯ дошт ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар сомонаи “Бомдод” эълони ҷустуҷӯи ӯ нашр шуда буд. Аммо ахиран ҷисми беҷони Ардашери ғӯррамаргро аз соҳили дарёи Зарафшон пайдо карданд.

Ба иттилои манбаъ, директори мактаб ва роҳбари синфаш дар робита ба ин ҳодиса баёнот додаанд.

Падари Ардашер дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштааст.

Мактаби миёнаи №15, ки Ардашер таҳсил мекард, яке аз мактабҳои намунавӣ дар Панҷакент дониста мешавад.

Худкушӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон солҳо боз як мушкили доғ боқӣ мемонад. Дар соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳолати  худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button