ВидеоДин ва боварҳоФарҳанг

ШАҲРОМИ АБӮБАКР ВА МОДАРИ СИТОРАИ КАРОМАТУЛЛО БА ҲАҶ РАФТААНД (ВИДЕО)

Шаҳроми Абӯбакр, соҳибкор ва овозхони 34-солаи гуруҳи овозадори “Анис”,  дар моҳи шарифи Рамазон барои адои Ҳаҷҷи умра ба Маккаю Мадина рафтааст. Дар ин бора худи овозхон бо нашри ду акс дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод. Дар яке аз ин аксҳо Шаҳроми Абӯбакр  дар масҷиди Ҳарам дар Макка ва дар акси дуюм дар шаҳри Мадина тасвир шудааст.

Даҳҳо нафар дар зери аксҳои ин овозхон дуо кардаанд, ки Худованд Ҳаҷҷи Шаҳромро қабул кунад. Мухлисон аз ин ҳунарманди ҷавон ҳамчунин хостаанд, ки дар Хонаи Худо барои онҳо низ дуо кунад.

Ютуб-канали SM NEWS, ки ахбори марбут ба шоу бизнеси тоҷикро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки ин алакай Ҳаҷҷи дуюми Шаҳроми Абӯбакр аст. Ӯ соли 2019 низ ба зиёрати Маккавую Мадина рафта буд.

Шаҳроми Абӯбакр (Шаҳром Азизов), писари Абӯбакр Азизов, яке аз асосгузорони гуруҳи дар замони Шӯравӣ овозадори “Анис” аст. Ин гуруҳи иборат аз бародарон  Азизовҳо, ки ба вижа дар солҳои 80 машҳур буд, дар солҳои 90 як муддат аз саҳна канор рафт.  Дар аввали солҳои 90 гуруҳи “Анис” ҳамроҳ бо фарзандони асосгузоронаш: Шаҳроми Абӯбакр, Остони Азиз ва Шамсиддини Азиз дубора ба саҳна баргашт ва шуҳрати қаблиашро як миқдор барқарор кард.

Вале солҳои охир ситораҳои гуруҳи “Анис”, аз ҷумла Шаҳром дар саҳна камтар зоҳир мешаванд.

Машҳуртарин таронаи Шаҳроми Абӯбакр “Дили девона” аст, ки ӯ ҳанӯз соли 2013 якҷо бо хонандаи рэп Баха84 иҷро карда буд.

Қабл аз сафари Ҳаҷ Шаҳроми Абӯбакр дар саҳифааш дар Инстаграм таронаеро барои мухлисонаш зинда иҷро карда буд:

Ютуб-канали SM NEWS  гуфт, Шаҳроми Абӯбакр вақтҳои охир дар саҳна кам зоҳир шуданашро ба масруфияташ ба корҳои тиҷорат рабт медиҳад. Дар бораи инки ӯ ба чӣ тиҷорате машғул аст, маълумоте дода нашудааст, вале насли аввали овозхонҳои гуруҳи “Анис” дар фурӯшгоҳи марказии Душанбе ( маъруф ба ЦУМ) чанд дӯкон, аз ҷумла мағозаи фурӯши асбоби мусиқӣ доштанд.

Бино ба иттилои Ютуб-канали SM NEWS, Ситораи Кароматулло, як овозхони дигари тоҷик модарашро дар ин моҳи шарифи Рамазон ба Ҳаҷ фиристодааст.

Ситораи Кароматулло дар як паёми пур аз эҳсос барои модараш дар Инстаграм навишт: “Очаи хушрӯм! Ҳамаи ҳастиамон, зиндагиамон! Худованд дар ин даҳаи ид Ҳаҷҷатонро қабул кунад!”

Ситораи Кароматулло, овозхони зодаи ноҳияи Варзоб, ки бо иҷрои таронаҳои мардумӣ ва классикӣ ном баровардааст, моҳи феврали соли ҷорӣ дар зодрӯзи падараш Кароматулло Раҳимов ба ӯ мошин ҳадя карда буд. Кароматулло Раҳимов 20 феврали соли 2020 ба ҷои Афзалшоҳи Шодӣ мудири Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таъйин шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button