ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

СУЛТОНШОЕВ – 18 СОЛ, ФАРМОНБЕКОВ – 4,5 СОЛ: БОЗ ДУ ТАН АЗ ЁРОНИ БОҚИР МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУДАНД

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар дод, ки дар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯшон Султоншоев Хуршедшо  ба 18 соли зиндон ва Фармонбеков Шодиҷон ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд. Султоншоев ва Фармонбеков, ҳарду дар кӯчаи Иҷубов дар маҳаллаи Бархоруғ, дар ҳамсоягии Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон зиндагӣ мекарданд ва аз ёрони наздики ӯ ба шумор мерафтанд. Ҳардуи онҳо рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ дастгир шуданд.

Бинои ба иттилои расмӣ, санаи 26 апрели соли 2022 таҳти раёсати додраси додгоҳи ноҳияи Рӯшони ВМКБ Баҳриддинзода Ҳ.Э.  қисмати ниҳоии мурофиаи судии айбдоршаванда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович, санаи таваллудаш 13.01.1984, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов 73 баргузор шудааст.  Нисбат ба Султоншоев аз ҷониби мақомоти Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ таҳти №61178 бо моддаҳои 237 қисми 3 (Авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ), 328 қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330 қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 200 қисми 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор), 111 қисми 2 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда буд.

Назари худи маҳкумшуда ва адвокатҳову наздиконаш дастрас нест, вале милитсияи Бадахшон мегӯяд, “дар рафти баррасии парванда ҷиноятҳои содирнамудаи айбдоршаванда Султоншоев Хуршедшо пурра тасдиқи худро ёфтаанд”. Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида дар асоси ҳукми додгоҳ нисбати судшаванда Султоншоев Хуршедшо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 18 сол таъин карда шуд.

Хуршедшо Султоншоев ба он айбдор мешуд, ки санаи 04.11.2020 сол ҳамроҳи 3 шахси дигари дар ҷустуҷӯ қарордошта Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, Зикиллобеков Сино Файзиллобекович ва Ақназаров Ақназар Алиназарович тавассути автомашинаи сабукрави тамғаи “Тойота”, аломати қайди давлатиаш 00 05 ВЕ 07 дар ду маврид, аз ҷумла дар деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон ва маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ кормандони милитсияро, ки дар иҷрои вазифаи хизматӣ қарор доштанд, дашномҳои қабеҳ дода, мавриди латукӯб қарор додаанд.

Илова бар ин, нисбати судшаванда Султоншоев Хуршедшо аз ҷониби ВКД Тоҷикистон бинобар сабаби даст доштанаш дар хариду фурӯши воситаҳои нашъадор аз 6 апрели соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд.

Бо назардошти далелҳои болозикргардида аз санаи 24.02.2021 сол нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ таҳти №4355 оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва санаи 12 апрели соли ҷорӣ  ҳангоми боздошташ, ба гуфтаи мақомот, аз дасти судшаванда Султоншоев Хуршедшо 1 адад норинҷаки РГД-5 ва як миқдор воситаи нашъадору ҳаби экстази, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, дарёфту мусодира карда шуд.

Мақомот мегӯянд, то замони боздошташ аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ба судшаванда Султоншоев Хуршедшо чанд маротиба даъватнома ҷиҳати ҳозир шудан барои пурсиш фиристода шуд, вале ӯ аз даъват саркашӣ намуда, ягон маротиба ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир нашудааст.

Ҳамзамон дар мурофиаи судӣ кирдорҳои ҷиноятии судшавандаи дигар Фармонбеков Шодиҷон Фахриддинович соли таваллудаш 25.04.1991, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 38, ки барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 111, қисми 2 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) ва 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, санаи 12 апрели соли ҷорӣ ҳамроҳ бо Султоншоев Хуршедшо дастгир гардида буд, баррасӣ гардид ва ӯ ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Қаблан, рӯзи 15 апрел додгоҳи ноҳияи Рӯшон Манучеҳр Шеров, яке дигар аз ёрони наздики Боқирро бо айни ҷурми ҳамла ба намояндаи давлат ба 10 соли зиндон маҳкум карда буд.

Ба зидди худи Боқир низ мақомот бар асоси чанд банди қонун, аз ҷумла таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парванда кушодаанд. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки шоми 29 январ раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро латтукӯб ва аз маҳаллаи Бархоруғ, ки Наврӯзов дар ҳамин ҷо дар қабати чоруми бинои маориф зиндагӣ дошт, пеш кардааст. Худи Боқир ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона анҷом дода буд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button