ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои БадахшонФарҳанг

НАШРИ КИТОБИ “ИСМОИЛИҲОИ ПОМИР” ДАР ШАҲРИ ПЕТЕРБУРГИ РУСИЯ

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар нашриёти “Нестор-История” китоби пажуҳишгари шинохта Тоҳир Қаландаров бо номи “Исмаилиты Памира” (“Исмоилиёни Помир”) чоп шуд. Дар ин бора рӯзи 27 апрел дар Фейсбук муаллифи китоб хабар додааст.

Тоҳир Қаландаров дар китоби наваш дар бораи таърихи Исмоилия дар Помир, вазъияти ин равияи динӣ дар даврони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ ва ҳамчунин дар шароити муҳоҷирати оммавии зодагони Бадахшон нақл мекунад. Муаллиф ҳамчунин таъсири Исмоилияро ба шеъру адабиёти халқҳои Помир мавриди таҳқиқ қарор додааст. Гуфта мешавад, ки китоби “Исмаилиты Памира” дар асоси фаъолиятҳои илмию таҳқиқотии Тоҳир Қаландаров дар Пажуҳишгоҳи этнология ва антропологияи Академияи илмҳои Русия тартиб дода шудааст.

Исмоилиҳо аксари аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як минтақаи воқеъ дар шарқи Тоҷикистонро ташкил дода, ҳамчунин дар чандин кишвари дигари дунё, аз ҷумла дар Афғонистон, Покистон, Сурия, Миср ва ҳатто дар Кения ба сар мебаранд ва ҳоло ҷамъиятҳои бузурги исмоилиҳо дар Русия, Британия, Канада ва Амрико низ пайдо шудаанд. Исмоилиҳо шоҳзода Карим Оғохони чорумро раҳбарии рӯҳонии худ медонанд ва ӯро Ҳозиримом ном мебаранд.

Қаландаров Тоҳир Сафарбекович 12 августи соли 1970 дар деҳаи Анбави ноҳияи Шуғнонба дунё омадааст. Анбав ҳоло ба ҳудуди ноҳияи баъдан таъсисёфтаи Роштқалъа медарояд.Тоҳир Қаландаров соли 1995 риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда,  тақрибан 20 сол боз дар Русия ба таҳқиқоти илмӣ машғул аст.

Арсаи таҳқиқоти илмии Тоҳир Қаландаров асосан таърих ва этнографияи халқҳои Осиёи Марказӣ ва асосан фарҳангу дин ва расу ойинҳои халқҳои Помир буда, ӯ муаллифи чандин китоб дар бораи таърихи мардуми шуғнонӣ, остонҳои Помир, хонаи помирӣ, як китоби вижа бахшида ба пири мардуми Бадахшон Носири Хусрав мебошад.

Асарҳои Тоҳир Қаландаров:

• Шугнанцы (историко-этнографическое исследование). М., 2004. 478 с.;

• Памирские мигранты-исмаилиты в России. Исследования по прикладной и неотложной этнологии. Док. № 178. М., 2005. 26 с.;

• Об одном ирригационном празднике шугнанцев долины р. Шахдары (Западный Памир) // ЭО. 2000. № 4. С. 68-73;

• Магия в семейно-бытовой обрядности шугнанцев // ЭО. 2001. № 1. С. 39-53;

• Остоны Памира // Восточная коллекция. 2002. № 2. С. 55-62;

• Зоолатрия у народов Западного Памира // Религиоведение. 2003. № 4. С. 54-62;

• Le passe et le present des populations du Pamir occidental (совместно с В.И. Бушковым) // Cahiers D’asie Centrale. 11-12. Paris, 2004. P. 103-118;

• Агиография «апостола памирских исмаилитов» (к 1000-летию Носира Хосрова) // ЭО. 2004. № 2. С. 58-66;

• Жилище в обрядах и верованиях народов Памира // Полевые исследования ИЭА РАН. М., 2006. С. 217-235.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button