ВидеоКоррупсия

ДУ МАНСАБДОР ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ 13 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААНД

Муовини раиси ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва як корманди ин ҷамоат ба гирифтани пора аз як корафтода ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ айбдор мешаванд.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 25 апрел хабар дод, ки Саъдуллоев Ҳақназар Файзуллоевич дар вазифаи мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш  даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

“Чунончӣ, номбурда дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҷамоати мазкур Гулмуродов Зокиржон Иргашович аз шаҳрванд “А”  барои мусоидат ҷиҳати омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13000 сомонӣ талаб кардаанд.  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ Саъдуллоев Ҳ.Ф. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 13000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ  ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ. 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гулмуродов Зокиржон Иргашович ва Саъдуллоев Ҳақназар Файзуллоевич бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст. Маълум нест, ки чаро ин қазияи гирифтани пора бо моддаи ҷазояш сабуктари қаллобӣ ҷамъу баст шудааст?

 Ба ин ду корманди ҳамакнун собиқи ҷамоати Чоргултеппа бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190  нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки  дар аксари мавридҳо мансабдорони бо пора ба даст афтода бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button