ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН БАРОИ БОЗДОШТИ ҚОЧОҚБАРИ НАБОТУ ЧОРМАҒЗ (3 АКС)

Рӯзи 20 апрели соли 2022 марзбонони қирғиз дар Бодканд аз як кӯшиши аз Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид кардани якуним тонна бор, аз ҷумла 500 кило чормағз, 560 кило набот, 1620 шиша фреш-кола ва 10 кило мураббо пешгирӣ кардаанд. Маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, марзбонҳои қирғиз барои манъ кардани мошини қочоқбар ҳатто ба чархҳои мошини  Hyundai-Porter ду тир задаанд. “Ронанда У.К., соли таваллудаш 1989, шаҳрванди Қирғизистон мехост борро барои фурӯш аз Тоҷикистон вориди Қирғизистон кунад. Ронанда барои ин бор бо худ ягон санад надошт”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар хабар гуфта мешавад, ки марзбонҳои қирғиз рӯзи 20 апрел адр мавзеи Ӯруқзори ноҳияи Бодканд як мошини Hyundai-Porter-ро мушоҳида кардаанд. Ронандаи мошин марзбонҳоро дида, амри онҳо барои истоданро сарф назар кард ва кӯшиш кард, ки фирор кунад. Марзбонҳо аввал ба ҳаво ду тири огоҳикунанда холӣ кардаанд. Вале мошин ба ҳаракаташ идома додааст ва марзбонҳо сипас ба чархҳои мошин боз ду тири дигар холӣ кардаанд. Танҳо баъди ин ронанда мошинашро манъ кардааст.

Қирғизистон аз 22 майи соли 2021, дар пайи он муноқишаи хунини охири моҳи апрел, ки 55 кушта ва 240 захмӣ ба ҷо гузошт,  марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро низ иҷозат намедиҳад. Ҳарчанд баҳонаи расмии бастани марз пандемияи коронавирус гуфта мешуд, вале мақомоти баландпояи Қирғизистон чандин бор гуфтаанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди мушкилоти мавҷудаи марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя боз хоҳад шуд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун  ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button