ВидеоТоҷикистон

КОМАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА БИНОИ НАВ КӮЧИД

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 19 апрел хабар дод, ки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки то ин муддат дар хиёбони Рӯдакӣ, 80, воқеъ дар қаноти чапи бинои собиқи қасри президент, фаъолият доштанд пурра ба бинои собиқи Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 40 кӯчидаанд ва сокинон ва меҳмонони пойтахт аз ин ба баъд барои  ҳалли мушкилоташон метавонанд ба суроғаи нави шаҳрдорӣ муроҷиат кунанд.

Маълум нест, ки ин бино қароргоҳи ниҳоии шаҳрдории Душанбе аст ё боз ҳам қароргоҳи муваққатӣ?

Ёдовар мешавем, дар пайи ба иҷро даромадани нақшаи бозсозии маркази пойтахти Тоҷикистон  ин алакай бори дуюм аст, ки шаҳрдории Душанбе табдили макон мекунад.

Дар пайи тахриби бинои қадимаи шаҳрдорӣ дар шафати вазорати кишоварзӣ ва дар наздикии майдони Дӯстӣ, кормандони шаҳрдории пойтахти Тоҷикистонро дар соли 2020 аввал ба қаноти чапи бинои собиқи қасри президент дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 кӯчонданд.  Дар ин бино баъди табдили макон кардани кормандони дастгоҳи иҷроияи президент танҳо кормандони Кумитаи сайёҳӣ ва шаҳрдории Душанбе фаъолият доштанд.

Вале соли 2021 тахриби бинои қасри президент низ оғоз ёфт ва зарурати аз ин бино ҳам кӯчидани кормандон пеш омад. Кормандони кумитаи сайёҳиро пештар кӯчонданд ва акнун кормандони шаҳрдории Душанбе низ ба бинои нав кӯчиданд. Қаблан дар ин бино Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва хабаргузории давлатии “Ховар” ҷойгир шуда буд. Соли 2020 кормандони Маркази таҳқиқоти стратегиро ба бинои Иттиҳодияи рассомон (маъруф бо “Сӯҳроб Арт Галери” кӯчонданд ва хабарнигорони “Ховар”-ро дар бинои маъмурии чопхонаи “Шарқи Озод”, маъруф ба ГЖК, ки дар паҳлуи дарёи Душанбе дар шафати Тсирк ҷойгир шудааст, ҷобаҷо карданд.

Бар асоси нақшаи бозсозии маркази пойтахти Тоҷикистон, дар маркази Душанбе бар пояи беш аз 200 миллион доллар кумаки билоивази Чин, қарор аст, биноҳои нави парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ва гулгашту фаввораҳо сохта шаванд.

Аз соли 2017 раҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад. Рустами Эмомалӣ, ки 34 сол дорад,  ҳамзамон аз соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ ҳаст ва тибқи Қонуни асосӣ, баъди падараш раҳбари дуюми ҷумҳурӣ дониста мешавад.

Бинои тахрибшудаи Қасри президент. Акс аз Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button