АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

ДАР НОҲИЯИ БАЛХӢ БАРОИ ГУРЕЗАҲОИ АФҒОН ЯК УРДУГОҲИ ИБОРАТ АЗ 64 ХАЙМА СОХТААНД (5 АКС)

Дар  ҳудуди деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон барои паноҳҷӯёни эҳтимолӣ аз Афғонистон як урдугоҳи муваққатӣ сохтаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 15 апрел хабар дод, ки ин бошишгоҳи муваққати иборат аз  64 хаймаи чӯбкоришуда дар ҳудуди Хадмати зиддижолаи ин кумита дар деҳаи Саноат бунёд шуда, бо нирӯи барқ, хатти оби нӯшокӣ, ошхона ва ҳаммом таъмин карда шудааст ва сохтмонаш ҳамоно идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, рӯзи 13-уми апрел намояндагони чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ (Сандуқи кӯдакони Созмони Милал), хазинаи Агенти Оғохон оид ба макони зист ва  Раёсати Созмони Милал дар умури паноҳандагон аз ин урдугоҳ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон дар ноҳияи Балхӣ дидан кардаанд. Меҳмононро муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода ҳамроҳӣ мекард.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки алакай ҳудуди 15 ҳазор паноҳҷӯ а аз Афғонистонро дар қаламрави худ паноҳ додаанд, вале барои қабули шумори бештари паноҳҷӯёни эҳтимолӣ ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла барои сохтани урдугоҳҳои муваққат барои гурезаҳои афғон, ниёз доранд.

Эҳтимоли аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя фурӯ рехтани мавҷи паноҳҷӯён баъди ғасби қудрат дар ин кишвар аз сӯи ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон дар моҳи августи соли 2021 зиёд шуд. Дар ҳафтаҳои аввали истиқрори режими нави Толибон дар марзи Афғонистон  бо Тоҷикистон чандин ҳазор паноҳҷӯ ҷамъ шуда буд, вале баъдҳо аксари онҳо ба сабаби пайдо накардани иҷозати убур ба ин сӯи Панҷу Омӯ  тӯли марз бо Тоҷикистонро тарк карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button