ВидеоСиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ИСФАРАВУ БӮСТОН, ПАНҶАКЕНТ, ИСТАРАВШАН ВА Ҷ.РАСУЛОВ

Дар поёни ҳафтаи гузашта муовинони шаҳрдорони Исфара, Бӯстон ва Панҷакент таъйин карда шуданд. Аз ҷумла “бо розигии президент” Парвиз Файзуллозода  муовини аввали раиси шаҳри Исфара, Суруриддин Зиёваддинзода муовини раиси ин шаҳр, Мамнур Нурзода муовини шаҳрдори Бӯстон, Парвина Нақибӣ муовини раиси шаҳри Панҷакент, Олимбек Юлдошзода муовини раиси ноҳияи Ҷ.Расулов ва Фирӯза Муъминзода муовини шаҳрдори Истаравшан таъйин шудаанд.

Нақибӣ Парвина Нарзӣ (Тошева) ба ҷои Зайнура Азимӣ, ки ҳанӯз соли 2019 муовини раиси вилояти Суғд таъйин шуд, муовини раиси шаҳри Панҷакент шуд. Ин курсӣ се сол боз холӣ буд.

Маросими муаррифии Парвина Нақибӣ рӯзи  9 апрел доир шудааст.

Нақибӣ Парвина Нарзӣ 12 июли соли 1982 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, соли 2005 Донишкадаи озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва идоракунии давлатӣ хатм намудааст. Соли 2006 фаъолияти худро ҳамчун мутахассиси шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оғоз намуда, аз соли 2008 то 2015 дар КИ ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ) дар шаҳри Панҷакент ба ҳайси мудири шӯъбаи кор бо занон фаъолият кардааст.

Солҳои 2015-2022 муовини раиси шуъбаи панҷакентии ҳизби ҳоким буд.

Муовини тозатаъини шаҳрдори Бӯстон  Мамнур Нурзода соли 1990 дар  ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ қаблан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон буд.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара хабар дод, ки рӯзи 8 апрел Парвиз Файзуллозода ба ҳайси муовини аввали шаҳрдор ва Суруриддин Зиёваддинзода  ба ҳайси муовини раиси шаҳри Исфара муаррифӣ шуданд.

Парвиз Файзуллозода қаблан сардори раёсати иқтисод ва савдо ва Суруриддин Зиёваддинзода, раиси шуъбаи ҲХДТ дар Исфара буд.

Парвиз Файзуллозода 3-уми августи соли 1979 дар Исфара таваллуд шуда,  соли 2005 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст. Ӯ  фаъолияти меҳнатии худро соли 2003 ба сифати инструктор-методист оид ба варзиши ҶДММ “МНА 35” оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои мудири гараж ва муовини директори генералии ҶДММ “МНА 35” фаъолият кардааст. Солҳои 2016-2017 ба сифати сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, солҳои 2017-2019 мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва аз ноябри соли 2019 ҳамчун сардори Раёсати иқтисод ва савдои шаҳрдории Исфара фаъолият дошт.

Зиёваддинзода Суруриддин 12 августи соли 1975 дар Исфара таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад.  Фаъолияти меҳнатии С.Зиёваддинзода соли 1997 ба ҳайси барқчӣ дар корхонаи  “Ленинободнефтугаз” оғоз гардида, баъдан дар ин корзона  ба сифати устои барқ ва муҳандиси фурӯши барқ, сардори коргоҳи ҶДММ “Петролеум-Суғд” кор кардааст. Солҳои 2014-2018 раиси ҷамоати деҳоти Хонобод ва солҳои 2018-2019 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Исфара буд. Аз моҳи майи соли 2019 шуъбаи ҲХДТ дар Исфараро роҳбарӣ мекард.

Хабаргузории Суғднюс хабар дод, ки дар мувофиқа бо президент ҳамчунин Олимбек Юлдошзода муовини раиси ноҳияи Ҷ.Расулов таъйин шудааст. Юлдошзода аз моҳи ноябри соли 2020 сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд буд.

Ҳамчунин Муъминзода Фирӯза Исроил муовини шаҳрдори Истаравшан таъйин шудааст. Ӯ то кунун роҳбарии шуъбаи занон ва оиларо дар ҳукумати Истаравшан бар дӯш дошт ва ҳамчунин вакили Маҷлиси миллӣ– палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button