ВарзишВидео

АЗ 250 ТО 800 ДОЛЛАР: 17 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК САЗОВОРИ СТИПЕНДИЯҲОИ ОЛИМПӢ ШУДАНД

Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 17 варзишгари тоҷикро  барои дарёфти стипендияҳои олимпӣ – Париж-2024 тасдиқ кард. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар сомонааш хабар дод, ки ин 17 довталабро бар асоси пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ ва ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешбарӣ карда буд.
Дар доираи Барномаи “Дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024” ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 7500 доллар маблағ ҷудо мегардад. Барнома барои варзишгарон имкон фароҳам меорад, ки роҳат машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ иштирок кунанд ва барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 мубориза баранд.

Рӯзи  8 апрел, дар як ҷаласа дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки ноиби Президенти Кумита Дилшод Назаров, дабири кулли Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо, варзишгарон, мураббиён ва намояндагони федератсияҳо, бо варзишгарон созишнома ба имзо расид. Маблағҳо ба варзишгарон дар ҳар давраи чормоҳа пардохт карда мешавад.
Агар варзишгар дар муҳлати системаи интихобии олимпӣ натавонад роҳхат гирад ё ҳисоботи молиявиро саривақт пешниҳод накунад, пеш аз муҳлат аз дастгирии молиявӣ маҳрум мегардад.


Ҳамин тариқ, 17 нафари зерин аз 6 намуди варзиш аз 1 январи соли 2022 то 31 августи соли 2024 аз дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 бархӯрдор мешаванд:
ГУШТИНИ ДЗЮДО
1. Темур РАҲИМОВ, 800 доллари ИМА
2. Сомон МАҲМАДБЕКОВ, 800 доллари ИМА
3. Беҳрӯз ХОҶАЗОДА, 800 доллари ИМА
4. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ, 400 доллари ИМА
5. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА, 250 доллари ИМА
БОКС
6. Баҳодур УСМОНОВ, 800 доллари ИМА
7. Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ, 800 доллари ИМА
8. Миҷгона САМАДОВА, 250 доллари ИМА
9. Рӯҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА, 250 доллари ИМА
10. Нилуфар БОБОЁРОВА, 250 доллари ИМА
ТАЕКВОНДО
11. Муҳаммадҳасан ШОҲМАҲМАДОВ, 300 доллари ИМА
12. Мӯниса ОЙМАТОВА, 250 доллари ИМА
13. Моҳру ҲАЛИМОВА, 250 доллари ИМА
ГУШТИН
14. Фирӯз МИРЗОРАҶАБОВ, 400 доллари ИМА
15. Ватансултон ШАКАРШОЕВА, 250 доллари ИМА
ҚАЙИҚРОНӢ – КАНОЭ
16. Шаҳриёр ДАМИНОВ, 400 доллари ИМА
ШИНОВАРӢ
17. Екатерина БАРДАЧЕВА, 250 доллари ИМА

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button