Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ МОШИНУ ХОНА ВА ДУЗДИИ ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТИИ КОМБАЙН

Сокини 42-солаи шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз соли 2015 мошини “Тойота-Камри”-и як сокини пойтахтро 24 ҳазор доллар нарх карда, гирифтааст, вале инак 7 сол боз пули мошинро намедиҳад.

ххххххххх

Сокини 28-солаи ноҳияи Ёвон ба он гумонбар мешавад, ки соли 2020 аз як сокини Норак бо ваъдаи додани манзил аз бинои навбунёд 223 ҳазор сомонӣ гирифта, ин пулро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
ххххххххххххххх

Сокини 22-солаи шаҳраки Ҳулбук  ба он гумонбар мешавад, ки шаби 2 апрел аз хонаи як сокини ноҳияи Восеъ қисмҳои эҳтиётии комбайнро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобиҳо вобаста ба автомашина ва манзили истиқоматӣ

21

Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 40-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 6-уми сентябри соли 2015, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”-ро ба маблағи 24 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, автомашинаро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-и мазкур бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2020, марди 28-солаи сокини ноҳияи Ёвон, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 223 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои навсохтмон манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рўи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани 2 нафар бо ҷурми дуздӣ

021.jpg

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 56-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юми апрели соли 2022, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, қисмҳои эҳтиётии “Комбайн”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Машварати оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ

2

7 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввали соли 2022 баргузор гардид.
Дар машварати оперативии мазкур сардори Раёсати ВКД дар ш. Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарияти Дастгоҳи марказии Раёсат ва роҳбарони ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ вазъи зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки ҷиҳати таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хавфнок аз ҳар як кормандони мақомоти милитсия беш аз пеш зиракиву ҳушёриро талаб менамояд. Махсусан пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, кормандони милитсия бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ, одобу рафтор ва муоширату муомила фарқ кунанд.

10

Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ вазъи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан сар задани авбошӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва ба ин тартиб ба таври сунъӣ ба миён овардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати сари вақт бартарафсозии он ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button