НОМИ АФЗАЛШОҲИ ШОДИРО АЗ КОНСЕРТИ РАСМӢ ДАР РӮЗИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТ БА ПАНҶАКЕНТ ХАТ ЗАДААНД
Бар асоси иттилои дарёфтии “Азия Плюс”, номи овозхони шинохта Афзалшоҳи Шодиро аз рӯйхати овозхонҳое, ки бояд дар як барномаи консертӣ дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент ҳунарнамоӣ кунанд, хат задаанд. Инро масъулони баргузории ин маҳфил низ ба “Азия-Плюс” таъйид карданд.
Дар шаҳри Панҷакент берун кардани Афзалшоҳи Шодиро аз ин барномаи консертӣ, мухлисони ҳунараш бисёр ба сахтӣ қабул кардаанд ва онҳо аз ин ҳато дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорӣ нигаронӣ мекунанд.
Дар назар аст, то 10-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент сафар кунад. Ҳарчанд ҳадафи ин сафар то кунун эълон нашудааст, аммо омодагиҳо ба чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ дар ҷараён аст.
Худи Афзалшоҳи Шодӣ, дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия Плюс” гуфт, ки ба ӯ супориш шуда буд, ки ягон суруду оҳанги нав омода намояд. “Ман тайёр кардам. Дар аввал гуфтанд, ки суруд олиҷаноб аст, гузашт. Ҳатто шоир Озарахш дар ҳамонҷо буд ва ба ӯ ҳам писанд омад. Вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки дигар баромади маро гирифтаанд. Ман бо касе ягон мушкил надорам. Солҳост, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат карда истодаам. Ҳамеша ба халқу Ватан хидмат мекунам”, – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол Ориф Набиев, саркоргардони чорабинӣ ҳам, дар рӯйхат набудани ҳунарнамоии Афзалшоҳи Шодиро тасдиқ кард ва гуфт, ки мо хостем бештар такя ба ҷавонон кунем.
“Дар барномаи мазкур аз ҳама гӯшаи вилояти Суғд овозхонҳо суруд иҷро мекунанд. Аз Исфара, Хуҷанд, аз Яғноб аз Панҷакент. Ин чорабинии умумивилоятӣ аст» , – гуфтааст Ориф Набиев.
Вале Обид Назаров, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ин тасмим дар мавриди аз рӯйхат хат задани номи Афзалшоҳи Шодӣ шояд бозбинӣ шавад. “Ростӣ, ман суруди омодакардаи Афзалшоҳро гӯш кардам. Воқеан хоҳиши мухлисони Афзалшоро вазири мо ҳам шунидаанд. Мӯҳтарам вазир гуфтанд, ки ман талаби мухлисони овозхонро ба раиси вилоят расонам. Ҳоло ман пешниҳодҳоямро ба раиси вилоят изҳор медорам», – мегӯяд муовини вазир.
Дар ҳамин ҳол, бархе ах ҳаводорони ҳунари ин овозхон гуфтаанд, набояд саҳна барои ҳунармандоне, ки мардум онҳоро эҳтиром мекунад, танг карда шавад.