ВидеоМуҳоҷиронФарҳангЧеҳраҳо

ДОНИШМАНДИ МАЪРУФИ ТОҶИК САФАР АБДУЛЛОҲ БА КУМАКУ ДАСТГИРИИ МОВУ ШУМО НИЁЗ ДОРАД

Насибҷон Амонӣ, журналисти шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон хабар дод, ки шоир ва донишманди маъруфи тоҷики низ муқими Қазоқистон Сафар Абдуллоҳ инак чанд моҳ боз аз беморӣ ранҷ мекашанд ва ба кумаку дастгирӣ ниёз дорад.

“Беш аз ним сол аст, ки донишманди машҳур ва шоири тавонои мо устод Сафар Абдуллоҳ беморанд. Дар ин муддат эшон нахуст чанд бор дар бемористони шаҳри Алмаатои ҷумҳурии Қазоқистон бистарӣ шуданд ва пасон дар бемористони шаҳри Нурсултон амалиёти душвори қалбро пушти сар карданд ва хушбахтона ин амалиёт хуб гузашт. Пас аз бозгашт ба Алмаато, барои тақвияти ҷисмонӣ боз дар бемористони ин шаҳр табобат гирифтанд. Бо ин ҳама, устод ранҷуранд ва танашон пас аз ин ҳама амалиёту дармонҳо ҳоло заъиф аст ва эшон ниёз ба табобатҳои дигар доранду боз барои дармон дар бемористони шаҳри Алмаато бистарӣ шуданд”, навиштааст Насибҷон Амонӣ.

Сафар Абдуллоҳ дар зиндагии худ нафақат бо таҳқиқоти пурарзишаш дар соҳаи адабиёт ва шеърҳои баланди худ , балки ҳамчунин бо дасти сахо ва ҳотамиаш вирди забонҳо шудааст. Дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90 Сафар Абдуллоҳ бо онки худ ба мулки ғурбат рӯ оварда буд, ба даҳҳо тан аз донишмандону шоирон ва адибони тоҷик кумак мефиристод. Бино ба нақли дӯстонаш, дар он солҳо адиби шуҳратёри қазоқ Олжас Сулаймонов ба Сафар Абдуллоҳ 10 ҳазор доллар кумак кардааст, то барои худаш дар Алмаато хонае бихарад. Вале Сафар Абдуллоҳ ин ҳама пулро барои кумак ба қаламкашони тоҷик сарф кард.

Ва аммо имрӯз, муттаассифона, беморӣ Устод Сафар Абдуллоҳро аз пой даровардааст ва худи ӯ муҳтоҷ ба кумаку дастгирӣ шудаанд.

Насибҷон Амонӣ менависад: “Ҳар паёму ёрии Шумо дастгирии бузурге мегардад ба устод ва эшон бо ёрии Худованду дастгирии Шумо ба беморӣ пурра пирӯз мегарданду пас аз сипарӣ кардани ҳама давраҳои табобат боз чун пештара фаъолона моро дар олами маҷозӣ ҳамроҳӣ ва ҳам номи миллатамонро дар нишасту анҷуманҳои бузурги илмӣ муаррифӣ мекунанд ва ҳам бо ашъори нобу оливу миллиашон моро шод мегардонанд. Пешопеш , аз ҳамаатон сипос барои дилсӯзиву дастгирӣ. Ин ҳама ёриҳои Шумо як навъ посухи хуб ва бамавриде хоҳад гардид ба устод барои он ҳама ёриву дастгирии бузурге, ки устод ба мо дар дар муддати беш аз 40 сол карда буданд ва Худо хоҳад, пас аз шифои комил ёфтанашон боз хоҳанд кард”.

Шумо метавонед ёрии молиявии худро аз тариқи ин ҳисобҳои бонкӣ ба Устод Сафар Абдуллоҳ бирасонед:

1. KZ5396502F0014189314 (ҳисоби бонкӣ барои доллари амрикоӣ)

2. KZ3396502F0014189286 ( ҳисоби бонкӣ барои рубли русӣ)

Номи бонк ForteBank,

Ҳисобҳо ба номи Насибҷон Амонбоев( Nasibjon Amonboev).

Шумораи телефон: +7 7773705711.

Зимнан, хоҳишмандони кумак метавонанд ба ин рақам низ кумаки худро гузаронанд.

САФАР АБДУЛЛОҲ КИСТ?

Сафар Абдулло 30 январи соли 1955 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1973—1978 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст. Фаъолияти илмиашро соли 1978 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шурӯъ намуда, соли 1979 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий (Маскав) ба коромӯзӣ пардохта, аспирантураро (солҳои 1981—1984) дар ҳамин пажӯҳишгоҳ сипарӣ намудааст ва дар мавзӯи «Суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1981—1991 муаллими Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон будааст. Аз сабаби ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳиҷрат намуда, аз соли 1993 ходими калон, баъдан ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори курси забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон мебошад. Соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии «Эроннома»-ро таъсис дода, сардабирии онро низ бар уҳда дорад. Маҷаллаи мазкур, ки ба забони русӣ чоп мешавад, мақола, рисола ва гузоришҳои илмии эроншиносони кишварҳои мухталифи олам ва мухаққиқони Тоҷикистону Эрону Афғонистонро дар мавзӯъҳои гуногуни таърих, тамаддуну фарҳанг, забон ва адабиёт, оину мазҳаби ақвоми эронӣ ва равобити таърихию фарҳангии кишварҳои эронӣ бо мамолику ақвоми ҳамсоя ба табъ мерасонад.

Таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ, суннату навоварӣ дар шеър, танқиди адабӣ, равобити адабӣ ва фарҳангии эрониён бо кишварҳои ҳамҷавор, бахусус, туркитаборон, забони форсӣ ва нақши он дар густариши фарҳанг дар Шарқи асрҳои миёна муҳимтарин мавзӯоти таҳқиқоти ӯ мебошанд. Роҷеъ ба ин мавзӯот беш аз 300 мақола ва гузоришҳои илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия ба табъ расидаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

ЭЙ РАФТА САФАР, БА ОШЁНАТ БОЗ О! МИЛОДИ 65-УМИ САФАР АБДУЛЛОҲ

Ин матлаб дар бораи роҳи зиндагии Устод Сафар Абдуллоҳ 4 сол пеш, моҳи январи соли 2018, вақте Устод ба синни мубораки пайғамбарӣ расида буд, навишта шудааст:

САФАР АБДУЛЛОҲ – НАМОДИ ТОҶИКИ АСИЛУ ОЗОДА ВА САРКАШ

Сафар Абдуллоҳ, яке аз адибон ва адабиётшиносони хушноми мо ба синни пайғамбарӣ расид. Сафар Абдуллоҳ беш аз чоряк аср боз дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳатто баъди сулҳи соли 1997 барои доим барнагашт. Вале барнагаштани Сафар Абдуллоҳ беҳикмат ва бемаъно нест. Барнагаштани ӯ ба маъноест, ки шароит дар Ватане, ки ин Устоди бузурги мо ҳамеша тараннумаш мекунад, ҳанӯз тоқати таҳаммули чунин фарзандони бузург, вале саркашу озодипарварашро надорад. Зодрӯз муборак, Устоди умре дар ғурбат!

Соли 1993 як соли хуношоме буд, ки шахсиятҳои соҳибназар аз тарси ҷон дар чордевори хонаҳояшон худро маҳбус карда буданд ва агар хеле зарурати оҷиле пеш намеомад, аз ин паноҳгоҳҳои худ берун пой намемонданд. Ва ба суроғи онҳо низ касе ба ҷуз аз боевикҳои хуношом намеомад.

Дар ҳамон даврон як рӯз дари хонаи Аслиддини Соҳибназар (равонаш шод бод!)-ро тақ-тақ заданд. Аҳли хонавода дар тарс афтоданд, ки ба суроғи ӯ омадаанд.

Аз чашмаки дар диданд, ки чанд ҷавони ношиносе пушти дар истодаанд ва тарсу ташвишашон боз ҳам бештар шуд. Бо тарс дарро кушоданд, ки он ҷавонҳо муаддабона салом доданд ва халтаи ордеро аз дар дарун карданду гуфтанд: “Инро устод Сафар Абдуллоҳ барои акаи Аслиддин Соҳибназар фиристодаанд. Шояд эҳтиёҷ дошта бошанд…”

Айни қиссаро аз чандин соҳибназари дигари тоҷики дар он шабу рӯз дар банд шунидаам.

Сафар Абдуллоҳ дар он рӯзҳои сахту шум аз хориҷ барои даҳҳо нафар аз равшанфикрони мо чунин кумакҳо расондааст. Ва ҳол онки хеле сарватманд ё миллионер набуд, даҳҳо ва шояд садҳо нафаре буданд, ки имконоти молиашон даҳҳову садҳо маротиба бештар аз Сафар Абдуллоҳ буд.

Вале ин ҳам аз вижагиҳои шахси Сафари Абдуллоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ аз пушти молу ҷалол, аз пушти манфиати шахсиаш намедавид, ҳамеша ҳатто агар як мавиз дар бисот дошт, бо чил қаландар ба ҳам медид, ба ҳар касе ки дасташ мерасид, кумак мекард, ҳар ҳамватанеро, ки афтода медид, дасташро мегирифт.

Вижагиии дигари ин Тоҷик фурӯзон кардани машъали фарҳанги тоҷикӣ дар Қазоқистон буд. Маҳфили равшанфикрони тоҷики муқими Қазоқистон (Насибҷони Амонӣ, Муҳаббатшоҳи Қаноат, Далеру Парвиз Назаров, Қодири Рустам ва даҳҳои дигар) дар меҳвари номи Сафар Абдуллоҳ мечархид, нигаҳбони чароғи ин маҳфил Сафар Абдуллоҳ буд, ки нуру гармии маҳфилаш ба густураи хеле фаротар аз Қазоқистон мерафт.

Чӣ қадар аз шуарову удабои қазоқ бо шарофати ташвиқи Сафар Абдуллоҳ нафақат шефтаи адабиёти форсӣ шуданд, балки ҳатто забони форсиро бо ташвиқи ӯ аз худ карданд, то Ҳофизу Хайёму Мавлоноро дар шакли аслаш мутолиа ва ба забони худ тарҷума кунанд.

Ошноии ман бо Сафар Абдуллоҳ дар поёни солҳои 80 вақте оғоз ёфт, ки Устод баъди хатми Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Маскав ба Душанбе баргаштанд ва билофосила худро ба ҷунбиши ҳаракатҳои милливу озодихоҳӣ, ки тоза сар мекашиданд, заданд.

Бо ҷуссаи тануманди Рустамона ва риши кӯтоҳу ғӯлии сиёҳаш Сафар Абдуллоҳи он замон ҷавон дар байни аҳли он ҷунбиш як намоди Тоҷики асил, шикастнопазир ва паҳлавоне буд, ки худи ҳузур ва вуҷудаш дар майдон ҳамаро ба пирӯзӣ ва ояндаи хубе умедвору орзуманд мекард.

Дар поёни соли 1992 Сафар Абдуллоҳ аз Тоҷикистон рафт ва дигар барои доим барнагашт. Он сафарҳои кӯтоҳ барои дидор бо дӯстону наздикон ҳанӯз бозгашт нест.

Ӯ на баъди сулҳи соли 1997 баргашт, на баъд ва инак 26 сол боз берун аз Тоҷикистон аст.

Ва ин беҳикмат ё бемаъно нест. Барнагаштани Сафар Абдуллоҳ бо он рӯҳи озодихоҳу озодипарвараш ба маъноест, ки шароит дар Тоҷикистон то ҳол ба ҳадде нарасида, ки вуҷуди чунин шахсиятҳои саркашу ёғиро таҳаммул кунад. Сафар Абдуллоҳ аз зумрае нест, ки бо замона бисозаду ба хотири рафоҳи худ аз усул ва арзишҳои зиндагиаш ақиб бинишинад.

Сафар Абдуллоҳ боз як зодрӯз ва ин дафъа мавлудаш – расидан ба синни Паёмбарро дар мулки мусофират таҷлил кард.

Ин ҳам як шохиси шароити имрӯзаи Тоҷикистон аст, ки бузургонаш ҳатто дар чунин синн ва бо чунин сатҳи бузургӣ дар доманаш ҳанӯз нафаси озод кашида наметавонанд.

Худо кунад, ки Сафар Абдуллоҳ ҳарчӣ зудтар ба Ватанаш, ки ҳама ҷо лаб аз муҳаббаташ ба ин Ватан мекушояд ва ҳама ҷо таблиғи фарҳангу забону адабиёташро мекунад, баргардад.

Бозгашти ӯ як фоли нек хоҳад буд. Бозгашти ӯ ба маъное хоҳад буд, ки худкушиву бегонапарварӣ дар Тоҷикистон билохира поён ёфт ва ин сарзамин дигар омода ҳаст, ки ҳама фарзандонашро бо меҳр ба оғӯш бигирад.

Бозгашти Сафар Абдуллоҳ маънои ба озодӣ расидани Тоҷикистони азизи ҳамаи моро хоҳад дошт. Тоҷикистоне, ки инак чоряк аср боз бузургворе чун Сафар Абдуллоҳ аз доманаш ҷудост…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button