ФарҳангЧеҳраҳо

ЭЙ РАФТА САФАР, БА ОШЁНАТ БОЗ О! МИЛОДИ 65-УМИ САФАР АБДУЛЛОҲ

Сафар Абдуллоҳ, шоир ва адабиётшиноси хушноми тоҷик, ба синни мубораки 65 расид. Имсол барои Устод Сафар Абдуллоҳ соли сахте буд: Қиблагоҳашро аз даст дод.

Сафар Абдуллоҳ аз поёни соли 1992, инак 28 сол боз дар берун аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳатто баъди сулҳи соли 1997 барои доим барнагашт. Вале барнагаштани Сафар Абдуллоҳ беҳикмат ва бемаъно нест. Барнагаштани ӯ ба маъноест, ки шароит дар Ватане, ки ин Устоди бузурги мо ҳамеша тараннумаш мекунад, ҳанӯз тоқати таҳаммули чунин фарзандони бузург, вале саркашу озодипарварашро надорад.

Азиз Сангин бо ишора ба ҳамин зиндагии умре дар ғурбати Сафар Абдуллоҳ навишт:

Эй рафта сафар, ба ошёнат боз о,

Ту хонахудоӣ, сари хонат боз о,

Маспор чаманро ба талошии хазон,

Эй мурғи чаман, ба ҷои ҷонат боз о!

Боғе, ки шавад лонагаҳи зоғу заған,

Помоли хазон шавад, намонад, боз о!

Парвардаи обу донаи шеъру сухан,

Бар чашмаи поки обу донат боз о!

Боз о, ки сафар ба омадан хуш бошад,

Чашмо ба ҳавову нигаронат, боз о!

Раҷаби Мирзо Сафар Абдуллоҳро “Тоҷики сарбаланд”-е номидааст, ки “худаш як инқилоб” аст” ва “Оне, ки исбот намуд: истеъдодро куштану шикастан имкон надорад! Як тоҷике, ки дигаронро водор намуд, то ба қадраш бирасанду ҷойгохашро донанд! Як тоҷике ….берун аз Ватан, аммо бо муҳаббати хос ба ин марзу бум

 Милод муборак, Устоди умре дар ғурбати мо!

Aziz Sangin

БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ ФАРЗОНАМАРД САФАР АБДУЛЛОҲ

Ту он ғурбатнишини арҷмандӣ,

Ки растӣ аз каманди мустамандӣ

Ва хоки пасти ғурбатро кашидӣ

Аз он афтодагӣ бар ин баландӣ!

***

Эй рафта сафар, ба ошёнат боз о,

Ту хонахудоӣ, сари хонат боз о,

Маспор чаманро ба талошии хазон,

Эй мурғи чаман, ба ҷои ҷонат боз о!

Боғе, ки шавад лонагаҳи зоғу заған,

Помоли хазон шавад, намонад, боз о!

Парвардаи обу донаи шеъру сухан,

Бар чашмаи поки обу донат боз о!

Боз о, ки сафар ба омадан хуш бошад,

Чашмо ба ҳавову нигаронат, боз о!

Азиз Сангин,

Донморк, 2020

Раҷаб Мирзо

 

Соли равон барои Устод ҳам осон наомад.Қиблагоҳи Бузургворашонро аз даст доданд. Ҷояшон Биҳишт бод, омин!

Ва хелеҳо аз Худо хостанд, ки онҳоро ба ин синну соли муборак – 100 солагӣ, ки эшон доштанд, бирасонад.

Иншоаллоҳ фарзандони ин Марди Бузург на камтар аз Падари худ умр мебинанд.

Мавлуд хуҷаста бод, Худованд ба беҳтарин орзуҳотон расонад!

Соли 1993 як соли хуношоме буд, ки шахсиятҳои соҳибназар аз тарси ҷон дар чордевори хонаҳояшон худро маҳбус карда буданд ва агар хеле зарурати оҷиле пеш намеомад, аз ин паноҳгоҳҳои худ берун пой намемонданд. Ва ба суроғи онҳо низ касе ба ҷуз аз боевикҳои хуношом намеомад.

Дар ҳамон даврон як рӯз дари хонаи Аслиддини Соҳибназар (равонаш шод бод!)-ро тақ-тақ заданд. Аҳли хонавода дар тарс афтоданд, ки ба суроғи ӯ омадаанд.

Аз чашмаки дар диданд, ки чанд ҷавони ношиносе пушти дар истодаанд ва тарсу ташвишашон боз ҳам бештар шуд. Бо тарс дарро кушоданд, ки он ҷавонҳо муаддабона салом доданд ва халтаи ордеро аз дар дарун карданду гуфтанд: “Инро устод Сафар Абдуллоҳ барои акаи Аслиддин Соҳибназар фиристодаанд. Шояд эҳтиёҷ дошта бошанд…”

Айни қиссаро аз чандин соҳибназари дигари тоҷики дар он шабу рӯз дар банд шунидаам.

Сафар Абдуллоҳ дар он рӯзҳои сахту шум аз хориҷ барои даҳҳо нафар аз равшанфикрони мо чунин кумакҳо расондааст. Ва ҳол онки хеле сарватманд ё миллионер набуд, даҳҳо ва шояд садҳо нафаре буданд, ки имконоти молиашон даҳҳову садҳо маротиба бештар аз Сафар Абдуллоҳ буд.

Вале ин ҳам аз вижагиҳои шахси Сафари Абдуллоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ аз пушти молу ҷалол, аз пушти манфиати  шахсиаш намедавид, ҳамеша ҳатто агар як мавиз дар бисот дошт, бо чил қаландар ба ҳам медид, ба ҳар касе ки дасташ мерасид, кумак мекард, ҳар ҳамватанеро, ки афтода медид, дасташро мегирифт.

Вижагиии дигари ин Тоҷик фурӯзон кардани машъали фарҳанги тоҷикӣ дар Қазоқистон буд. Маҳфили равшанфикрони тоҷики муқими Қазоқистон (Насибҷони Амонӣ, Муҳаббатшоҳи Қаноат, Далеру Парвиз Назаров, Қодири Рустам ва даҳҳои дигар) дар меҳвари номи Сафар Абдуллоҳ мечархид, нигаҳбони чароғи ин маҳфил Сафар Абдуллоҳ буд, ки нуру гармии маҳфилаш ба густураи хеле  фаротар аз Қазоқистон мерафт.

Чӣ қадар аз шуарову удабои қазоқ бо шарофати ташвиқи Сафар Абдуллоҳ нафақат шефтаи адабиёти форсӣ шуданд, балки ҳатто забони форсиро бо ташвиқи ӯ аз худ карданд, то Ҳофизу Хайёму Мавлоноро дар шакли аслаш мутолиа ва ба забони худ тарҷума кунанд.

Ошноии мо бо Сафар Абдуллоҳ дар поёни солҳои 80 вақте оғоз ёфт, ки Устод баъди хатми Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Маскав ба Душанбе баргаштанд ва билофосила худро ба ҷунбиши ҳаракатҳои милливу озодихоҳӣ, ки тоза сар мекашиданд, заданд.

Бо ҷуссаи тануманди Рустамона ва риши кӯтоҳу ғӯлии сиёҳаш Сафар Абдуллоҳи он замон ҷавон дар байни аҳли он ҷунбиш як намоди Тоҷики асил, шикастнопазир ва паҳлавоне буд, ки худи ҳузур ва вуҷудаш дар майдон ҳамаро ба пирӯзӣ ва ояндаи хубе умедвору орзуманд мекард.

Дар поёни соли 1992 Сафар Абдуллоҳ аз Тоҷикистон рафт ва дигар барои доим барнагашт. Он сафарҳои кӯтоҳ барои дидор бо дӯстону наздикон ҳанӯз бозгашт нест.

Ӯ на баъди сулҳи соли 1997 баргашт, на баъд ва инак 28 сол боз берун аз Тоҷикистон аст.

Ва ин беҳикмат ё бемаъно нест. Барнагаштани Сафар Абдуллоҳ бо он рӯҳи озодихоҳу озодипарвараш ба маъноест, ки шароит дар Тоҷикистон то ҳол ба ҳадде нарасида, ки вуҷуди чунин шахсиятҳои саркашу ёғиро таҳаммул кунад.  Сафар Абдуллоҳ аз зумрае нест, ки бо замона бисозаду ба хотири рафоҳи худ аз усул ва арзишҳои зиндагиаш ақиб бинишинад.

Сафар Абдуллоҳ боз як зодрӯзи худро дар мулки мусофират таҷлил мекунад.

Ин ҳам як шохиси шароити имрӯзаи Тоҷикистон аст, ки бузургонаш ҳатто дар чунин синн ва бо чунин сатҳи бузургӣ дар домани Ватани худ ҳанӯз нафаси озод кашида наметавонанд.

Худо кунад, ки Сафар Абдуллоҳ ҳарчӣ зудтар ба Ватанаш, ки ҳама ҷо лаб аз муҳаббаташ ба ин Ватан мекушояд ва ҳама ҷо таблиғи фарҳангу забону адабиёташро мекунад, баргардад.

Бозгашти ӯ як фоли нек хоҳад буд. Бозгашти ӯ ба маъное хоҳад буд, ки худкушиву бегонапарварӣ дар Тоҷикистон билохира поён ёфт ва ин сарзамин дигар омода ҳаст, ки ҳама фарзандонашро бо меҳр ба оғӯш бигирад.

Бозгашти Сафар Абдуллоҳ маънои ба озодӣ расидани Тоҷикистони азизи ҳамаи моро хоҳад дошт. Тоҷикистоне, ки инак 28 сол боз бузургворе чун Сафар Абдуллоҳ аз доманаш ҷудост…

АЗ АШЪОРИ УСТОД САФАР АБДУЛЛОҲ:

Вой, эй вой аз ин дарди гарони ману ту,

Ки Ватан гашт кунун дилнигарони ману ту,

Ман, ки имрӯз забонбаста сухан мегӯям,

Кош Яздон бишавад номарасони ману ту.

Рӯзгоре шуду мардум чу парешон гаштанд,

З-ин парешонӣ мабодо, ки хазони ману ту.

Дилам аз ғуссаи танҳоии меҳан пур аст,

Чӣ қадар беш шуда хасми ниҳони ману ту.

Адами маърифату дарди маҳал дар авҷ аст,

Ки ҳама чашми ҷаҳонбин нигарони ману ту.

Писарони ту парешон шуда дар чор тараф,

Духтаронат нигарон аз писарони ману ту.

З-ин ҳама карру фарру ҷилваи зоҳир ту мапурс,

Ки фасод асту “фасад” гӯйи ҷаҳони ману ту.

Қавми деринаву таърихии ман бош баҳуш,

Моли таърих нагардад равони ману ту.

Нақши мо гӯ натарошанд зи девори Ватан,

К-ин ҳама номаи дод аст нишони ману ту.

Ману ту гар накунем ин маниро дур аз хеш,

Вой, бар ҳоли ману мову фиғони ману ту.

Вой аз даъвати пурдарди ту гар “мо” нашавем,

Вой бар ҳоли парешону ба ҷони ману ту.

https://www.facebook.com/groups/223185474472986/permalink/2194904157301098/

ОҒОЗИ ОБОДӢ…

(Дар посух ба шеъри пурдарди дӯстам Сиёвуш «ОҒОЗИ ВАЙРОНӢ» )

Намехоҳам , ки мо бовар кунем,

К-оғози вайронист.

Ва ҳам оғози марги бенишони, ҳарчӣ зебоист!

Бародар, гар ману ту эътиқоду эътимоди хешро аз дил раҳо кардем,

Ба фардои дурахшони Ватан

Беэътино гардем!

Агар мо, аз вуҷуди сармадии ин Ватан, як лаҳза ҳам бошад,

Диҳем аз даст боварро,

Ватан бечора хоҳад шуд,

Ватан вайрона хоҳад шуд!

Азизам, ту ҳамон хунинкабутар, ки миёни осмон дидӣ,

Шаҳодат медиҳам: руҳи шаҳидони Ватан будаст…

Маҳу Хуршед ҳам тасвири он гулгункафанҳоянд

ва мову ту бибояд рӯҳи эшонро наёзорем…

Барои хештан на,

баҳри фардои Ватан кӯшем.

Ману ту хуб медонем,

Ки бояд баҳри ин мардони дурафтода аз хешу

ниёкони далеру ҳамзабонони парешонаш,

Чӣ бояд кард…

Ману ту хуб медонем,

Ки ин кишвар бибояд дар радифи

беҳтаринҳои ҷаҳон бошад…

(Аммо нест!) эй афсӯс….

Ва медонем, ки ин меъодгоҳи он бузурге ҳаст,

Ки аввал бор бар ин ошён овард,

Паёми ростини Ҳақ.

Ҳамон дерин пайамбар гуфт бар мову шумо:

Мардум, Худо яктост!

Барои кулли мавҷуди ҷаҳон

Аз Одаму Олам ки

Пеши чашми ҳақбинаш ҳама яксон хоҳад буд…

Ва он ҳодӣ – бузурги мо,

Паёми он Худои меҳрбон овард бар мардум:

Ва он сегона панди ҷадди мо ки гуфт: –

Ҷаҳон аз иззати Гуфтори нек,

пиндори нек,

кирдори нек,

Барпост!

Ва ин ҳикмат,

Ҳазорон сол роҳи мардумиро рӯшанӣ бахшид,

Ва ин пайғоми қудсӣ, бе шаку тардид,

Ба мо аз осмон омад, ки онро ҳеч фарде,

ҳеч дине, ҳеч ойине ба ҳеч ангор

Набитвонад кунад инкор,

Магар аблаҳ ,ва ё бемор!..

Агар имрӯз он шаҳри азизе , ки –

Ману ту гарчӣ дурем аз бараш, –

Бо ҷони мо наздику ҳамруҳ аст.

Ва он ҷо хуни садҳо бегуноҳон рехт,

Ва он ҷо бегуноҳӣ , худ гуноҳе шуд…

Дар ранҷ аст.

Ман ин ҷо ашк дар чашмам,

Ба ёд омад Сиёвӯшам,

Ки аз оташ гузашту бегуноҳиро

Ҳама диданд,

Вале Судобаҳо бо макру бо тазвиру бо солус,

Ба қасди ҷони он минӯравон,

в-он поку покойин,

Ба ҷоду домҳо чиданд,

Ва бо ағёр пайвастанд…

Ки то қасди палиди нафси худро,

Баргиранд аз ӯ.

Ва он яктои давронро, ки ҷуз покию бебокӣ

ва оромии кишвар –

Сулҳи Эрону ҳамон Тӯрон.

Ва пойдорӣ ба ойини ниёкон,

Ишқи меҳан, эҳтироми Рустами Дастон,

Ва ҳам бо ёди Эрон шаҳри дигар сохтан, ҳам ишқ варзидан,

Таманное надошт, оре!

Ба дому дасти нопокон,

Ба хок афтод…

На танҳо бегуноҳ ӯ мурд,

Ба ӯ худ бегуноҳӣ мурд…

Бародар!

Эй Сиёваш,

Толии он нозанин, дерин,

Намоди он наҷобат, он Сиёваш, он яли бекин,

Каломат атри Меҳан медиҳад,

Бар ҷони дардолуди ман, оре!

Шарорат ҳамчу оҳан мекунад обам,

Каломат мекунад бетобтар аз руҳи симобам.

Ва он мардони помоли лагадҳои хушунат,

ки ту мегӯйӣ, ҳам аз насли Сиёвушанд.

Оре, то даме к-ин чархи гардун

Бар муроди ноҷавонмардон ҳамегардад.

Ва то он дам, ки қудрат бо хирад аз ҷаҳл меҷангад,

Ва то он дам, ки меҳан поймоли золимон бошад,

Сиёвушҳову Мансурҳову Масъудон,

Ҳама қурбонӣ хоҳад шуд.

Бале, то нафрати Афросиёбу шаҳвати Судоба пирӯз аст,

Ва то он дам, ки Рустамро Шағоде дар пайи қатл аст…

Ватан қурбонӣ хоҳад шуд!

Ватанро Рустаме бояд,

Ки ӯ бар зидди ҳар к-аз тухмаи девест, бархезад!

Ки ӯ Судобаро аз ҳалқ овезад

Ва бар Ковус гӯяд: ҳадди худ бишнос!

Ватанро Рустаме бояд,

Агар хоҳем Сиёвушҳо ба сахтӣ ҷон набиспоранд,

Адолат ҷон набиспорад,

Ҳамоқат нашканад дигар пару боли ҳақиқатро…

Вале дар ғайри ин, оре,

Ҷавонмардону айёрон ҳамоно музтару кушта,

Хирадмандон ба хорӣ,

ҷоҳиле “машҳур” дар офоқ хоҳад шуд!

Сиёвуш,

Эй бародар, толии он пок, он муҳсин,

Яли дерин!

Аз ин пирӯзиҳои Аҳриман дилро макун ғамгин.

Ба зудӣ мерасад бар доди мо Ҳурмузд –

Ин Якто – Худои Меҳрубони мо.

Ва кишвар пок аз нопок хоҳад шуд,

Ва деву дад ҳама дар чолаи худ хок хоҳад шуд!

Сиёвуш!

Маърифат, ки зоҳиран аз хоки мо рафтаст,

Дубора бар тамоми торикиҳо ,

Чира хоҳад шуд…

Чу дар ин сарзамин то ҳол,

Дар рагҳои мардум хуни Фирдавсию Сино,

Ишқи Меҳан мекунад туғён…

Ва ҳам аз ишқи садҳо тан ватанхоҳон, ки мисли ту

Ба иҷбор аз ватан дуранду дар ёди ватан ҳастанд.

Умеди рӯшанӣ аз ин ватан ҳаргиз

Нахоҳад рафт!

Ман ин ҷо…

Аз кавири даҳшати танҳоии худ дидаву бинам,

Ки як Ҳаддоди зулмафкан

Ба чеҳри ҳазрати Рустам, ки девону дадонро афканад аз пой,

дар роҳ аст…

Ки зеро Рустами дастон

Падид ояд замоне, ки Ватан зери хатар бошад,

Падид ояд замоне, ки ҳақиқат дар ба дар бошад.

Азизам,

шоъири миллат,

Дилам хоҳад, ки дар шеъри тарат Рустам падид ояд,

Маро аз ин парешонию бесомониҳо ,

Вайронию дар ҷаҳл монданҳо раҳо созад.

На ин Кобус он Ковус,

Ки фарзанди азизи хешро

Дар оташ андозад…

На он Рустам, ки мегӯяд:

Маро худ ном бояд, тан барои марг…

Дигар Рустам,

Ки баҳри ному нанги хешу аҷдоди баномӯсаш,

Аз оташ бигзарад,то ному нангашро нигаҳ дорад…

Ва мо бояд барои маърифат кӯшем,

Ки доруи ҳама дард аст…

Ва мо бояд бад-он кӯшем, то ин халқи

Саргардону овора,

худашро,

меҳанашрову

Худои хешро бишносаду донад.

Ки мо аҳли китобему ҷаҳон имрӯз ҳам

Бо тибби Сино,

ҳикмати Фирдавсиву афкори Мавлоно

тафохур мекунад бе мо…

Ва мо бояд ҳама маст аз шароби ҳикмати Хайём,

Ба худ оему оламро дигар созем,

Ва оламро фақат бо ишқ мебояд дигаргун кард.

Пайоми шоъири қудсии мо бар гӯши ҷон омад:

«Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи дигар андозем…”

Тану ҷонро сипар аз баҳри меҳан мекунем охир,

Ҳазорон тоҷи шоҳиро фидои номи меҳан мекунем охир,

Ки то бедор созем милати мазлуми тоҷикро,

Ки то обод созем хонаи вайронаи худро…

Ватан обод хоҳад шуд,

Худо бо мост…

Биё шоъир ки баргардем ба ободӣ,

Биё шоъир ки ғамҳоро бигардонем бар шодӣ…

(Олмотӣ, 20-26 уми октябри соли 2015)

Аз он даме, ки дидамат, аз хештан бегонаам,

Аз дидани ҳусни гулат, девонаам, девонаам

З-он май ки аз дурии ту ҳар лаҳза менӯшам, хуш аст

Фориғ зи дардам мекунад, лаббӯсаи паймонаам

Ёди ту ҳар дам пардае аз рӯшанӣ бикшода аст

Бӯи ту мепечад мудом, бар ин ҳавои хонаам

Ёди хушат эй нозанин, ҳар лаҳза гармам мекунад

Гаҳ созаду гаҳ сӯзадам, ангор чун парвонаам

Бо ман чӣ кардӣ к-ин чунин, дар шеърҳо гум мешавам

Дар сафҳаи торих ҳам, ороми ҷон, афсонаам

Гуфтӣ ғарибӣ эй Сафар, ин бор танҳо мондаӣ,

Аммо азизам,то туйӣ дар қалби ман, шоҳонаам

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button